Аз амният то тиҷорату сармоягузорӣ: Мулоқоти Раҳмон бо сарони ҳукуматҳои СҲШ

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаВстреча Эмомали Рахмона с главами делегаций государств-членов Шанхайской организации сотрудничества в Душанбе.
Встреча Эмомали Рахмона с главами делегаций государств-членов Шанхайской организации сотрудничества в Душанбе. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2026
Обуна шудан
Раҳмон дар мулоқот, ба масъалаи амният афзалият дода, тақвияти муборизаи муштарак бар зидди терроризму экстремизм ва қочоқи маводи мухаддиру ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ зарур донист
ДУШАНБЕ, 20 окт – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар Душанбе қарор доранд, мулоқот кард.
Роҳбари давлат гуфт, таҳаввулоти кунунии ҷаҳонӣ аҳамияти Созмони ҳамкории Шанхайро ҳамчун майдони муколамаи созанда ва ҳамкории барои ҷонибҳо судманд таъкид менамояд.
“Мо ба тақвияти минбаъдаи нақши Созмон дар таъмини сулҳу субот, рушди устувор ва фазои эътимод дар тамоми самтҳои фаъолияти он манфиатдорем”, - изҳор дошт Раҳмон.
Кишвардор таъкид кард, ки Тоҷикистон пайваста ҷонибдори тақвияти нуфузи байналмилалии Созмон ва афзоиши таъсири амалии фаъолияти он ҳаст.
Дар ин робита, густариши тиҷорат ва сармоягузорӣ, рушди робитаҳои нақлиётӣ, ҳамкории саноатӣ ва агросаноатӣ, иқтисоди рақамӣ, технологияҳои сабз ва тақвияти амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ зарур шумурда шуд.
“Мо бовар дорем, ки рушди робитаҳои Созмони ҳамкории Шанхай бо Созмони Милали Муттаҳид, дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ва давлатҳои манфиатдор муҳим аст”, - иброз доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Аз Шуро даъват карда шуд, ки ба татбиқи қарорҳои дар сатҳи олӣ, пеш аз ҳама дар соҳаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ қабулшуда тавассути барномаҳо ва лоиҳаҳои мушаххас мусоидат кунад.
Президенти кишвар ба масъалаи амният афзалият дода, тақвияти муборизаи муштарак бар зидди терроризм ва экстремизм, радикализм, таҳдидҳои киберӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ зарур донистанд.
Раисиҷумҳур, ҳамчунин, доир ба аҳамияти таъсиси Маркази зиддимухаддиротии Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе ва татбиқи Стратегияи рушди иқтисодии Созмони ҳамкории Шанхай барои давраи то соли 2030, ки бо ташаббуси кишвари мо қабул шудааст, андешаронӣ намуданд.
Встреча Эмомали Рахмона и первого вице-президента Исламской Республики Иран Мухаммадризо Орифа.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2026
Раҳмон: Тоҷикистон иштироки Эронро дар фаъолияти СҲШ муҳим медонад
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон татбиқи ислоҳотеро, ки ба рушди бахшҳои стратегии иқтисодиёт ва бахши хусусӣ, беҳтар кардани муҳити тиҷорат ва татбиқи технологияҳои рақамӣ ва инноватсия нигаронида шудаанд, идома медиҳад.
Дар ин замина, президент ҷонибдории Тоҷикистонро аз густариши ҳамкорӣ дар технологияҳои инноватсионӣ, зеҳни сунъӣ ва омода кардани мутахассисони баландихтисос дар ин соҳаҳо таъкид намуданд.
Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва пиряхҳо, истифодаи оқилонаи захираҳои об, дастгирии доимии кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай аз ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар бахши об ва иқлим аз мавзуъҳои дигари суҳбат буданд.
Лентаи хабарҳо
0