Пизишкиён ба Раҳмон: Ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо Тоҷикистон аз авлавиятҳои Эрон аст

© Foto / Хадамоти матбуоти президенти ТоҷикистонМулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва Масъуд Пизишкиён раисҷумҳури Эрон
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва Масъуд Пизишкиён раисҷумҳури Эрон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2026
Обуна шудан
Масъуд Пизишкиён дар паёме ба муносибати фаро расидани 35-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон ба раисҷумҳур, давлату миллати ин кишвар табрик гуфт
ДУШАНБЕ, 8 сент - Sputnik. Раисҷуҳури Эрон Масъуд Пизишкиён дар паёми табрикотии худ ба Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, бо таъкид бар пайвандҳои деринаи таърихӣ, фарҳангӣ, забонӣ ва иштирокоти тамаддунии ду кишвар, ин сармояҳои муштаракро заминаи сози таъмиқу густариш ҳарчӣ бештари муносибот бародарона донист.
Вай дар паёмаш таъкид кард, ки Эрон тавсеаи ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо Тоҷикистонро дар авлавияти сиёсати хориҷии худ қарор додааст.
Пизишкиён инчунин дар бораи тақвияти ин равобит дар ҷиҳати манофеи мутақобил, таъмини суботу амнияти минтақа ва эътилои фарҳангу адаби муштарак таъкид кард.
Раисҷумҳури Эрон дар паёсаш мардуми Тоҷикистон бо фарорсидани солрӯзи истиқлоли Тоҷикистон ба раҳбари Тоҷикистон, давлату миллати ҳам фарҳанг ва ҳамзабон самимона табрик гуфтааст.
“Ин рӯйдоди фархунда, ёдовари иродаи росиху ҳиммати волои миллати Тоҷикистон дар роҳи истиқлол, иззат ва сарбаландӣ аст ва бе гумон ин дастоварди бузург, мояи мубоҳоту ифтихори тамомии дустдорони фарҳангу тамаддуни муштараки мо дар ҷаҳон аст”, - гуфт ӯ.
 Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2026
Тоҷикистон аз тавофуқи сулҳи Эрону ИМА истиқбол кард
Равобити Эрону Тоҷикистон дар солҳои ахир пас аз як давраи сардӣ (солҳои 2015–2019) дубора рӯ ба беҳбудӣ овард ва вориди марҳилаи нави ҳамкориҳои стратегӣ, иқтисодӣ ва низомӣ шудааст. Ду кишвари ҳамзабон ва ҳамфарҳанг тавонистанд мушкилоти гузаштаро пушти сар гузошта, сатҳи муносибатҳоро ба болотарин нуқта бирасонанд.
Лентаи хабарҳо
0