Истиқболи Теҳрон аз пешниҳоди Раҳмон дар бораи долони энержӣ аз Эрон ба Тоҷикистон

© Unsplash / Steven LynnЛинии электропередач в горах.
Линии электропередач в горах.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2026
Обуна шудан
Муовини аввали раисҷумҳури Эрон аз долони энержии порси ҷанубӣ – Афғонистон -Тоҷикистон истиқбол кард
ДУШАНБЕ, 20 окт – Sputnik. Муовини аввали раисҷумҳури Эрон Муҳаммадризо Ориф зимни мулоқот бо раҳбари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки тарҳи пешниҳоди оқои Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эҷоди долони энержии Порси ҷанубӣ – Афғонистон - Тоҷикистон, тарҳи бисёр мусбат ва созанда аст, ки ба раисҷумҳӯри Эрон ироа шудааст.
Дар ин бора хабаргузории dolat.ir хабар додааст.
Муҳаммадризо Ориф пуштибонии Эронро аз ин тарҳи стратегӣ изҳор дошт, ки ҳадафи он интиқоли манобеи энержӣ ва пайваст кардани зерсохторҳои энергетикии минтақа мебошад.
Ҳамзамон Муҳаммадризо Ориф дар гуфтугӯ бо Эмомалӣ Раҳмон омодагии Эрон барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар фаъолиятҳои иктишофии нафту газ, саноеъи петрошимӣ ва содироти маҳсулоти нафтӣ ва газӣро баён кард.
“Эрон ба густариши ҳамкориҳои се ҷониба бо Тоҷикистону Афғонистон алоқаманд аст ва зарфиятҳои муносибе барои тавсеаи ин ҳамкориҳо вуҷуд дорад”, гуфт Ориф.
Ҳамзамон бар содироти маҳсулоти нафтии Эрон ба Тоҷикистон, кумаки Эрон ба иттисоли ин кишвар ба обҳои озоди халиҷи Форс таъкид шуд.
Встреча Эмомали Рахмона и первого вице-президента Исламской Республики Иран Мухаммадризо Орифа.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2026
Раҳмон: Тоҷикистон иштироки Эронро дар фаъолияти СҲШ муҳим медонад
Ҷониби Эрон таъкид кард, ки Теҳрон ва Душанбе бояд аз муштаракоти таърихию фарҳангӣ истифода бурда, сатҳи ҳамкориҳоро дар бахшҳои тиҷорат, иқтисод, энержӣ ва рушди роҳҳои иртиботӣ (транзитӣ) ба таври назаррас афзоиш диҳанд.
Ориф қайд намуд, ки нигоҳи Эрон ба Тоҷикистон берун аз доираи протоколҳои хушки дипломатӣ буда, ду кишвари форсизабон хонаи якдигар ба шумор мераванд ва бояд ҳамгироии иқтисодиву энержии худро таҳким бахшанд.
Лентаи хабарҳо
0