https://sputnik.tj/20261010/furudgoh-dushanbe-terminal-nav-1081099648.html
Пешвоз бо меҳмоннавозӣ: Фурудгоҳи Душанбе соҳиби терминали нав мешавад
Пешвоз бо меҳмоннавозӣ: Фурудгоҳи Душанбе соҳиби терминали нав мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Терминали ҷадид имкон хоҳад дошт дар давоми сол ба беш аз 8,5 млн мусофир хизмат расонад
2026-10-10T14:01+0500
2026-10-10T14:01+0500
2026-10-10T14:01+0500
дар тоҷикистон
душанбе
фурудгоҳи байналмиллалии душанбе
терминал
нав
эмомалӣ раҳмон
рустами эмомалӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/12/1068248091_0:1:3637:2047_1920x0_80_0_0_2fe5b7042b7b9ef5193aa51a83a1245f.jpg
ДУШАНБЕ, 10 окт - Sputnik. Дар фурӯдгоҳи Душанбе терминали ҷадид бунёд мешавад, ки дар он қабул ва гусели меҳмононро дар сатҳи байналмилалӣ ва бо анъанаҳои меҳмоннавозии тоҷикона ба роҳ монда мешавад.Санги асоси онро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо раиси пойтахт, Рустами Эмомалӣ гузоштааст.Дар ин бора, хадамоти матбуотии кишвардори Тоҷикистон гузориш додааст.Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи терминали нави байналмилалӣ, аз ҷумла иттилоъ дода шудааст, ки иншоот бо риояи тамоми меъёрҳои муосири ҷаҳонӣ сохта хоҳад шуд.Тибқи гузориши хадамоти матбуотӣ, муҳлати сохтмони бино якуним сол муайян гардида, он бо истифода аз масолеҳи хушсифати сохтмонӣ ва ҷалби садҳо мутахассиси ботаҷриба бунёд мегардад.Ҳадаф аз бунёди иншооти нав таъмини сатҳи баланди қабул ва гусели мусофирон тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ва анъанаҳои меҳмоннавозии тоҷикона мебошад.Аснои шиносоӣ Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти фурудгоҳ ва дигар шахсони масъул супориш дода, ки корҳо бо сифати баланд ба роҳ монда шуда, терминали нав дар муҳлати муайяншуда бунёду ба истифода дода шавад.Бояд гуфт, тавассути Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар ним сол 579 ҳаз. мусофир омада, 592 ҳаз. мусофир рафтаанд.Дар умум фурудгоҳи пойтахт дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба 1,17 млн мусофир хизмат расондааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 132 ҳаз. мусофир, ё 13% зиёд мебошад.
https://sputnik.tj/20260911/bozdidi-rahmon-rasht-iftitohi-dahho-inshoot-1080355000.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/12/1068248091_453:0:3184:2048_1920x0_80_0_0_53ccd81d5d75656d10403e4b1890b07b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, душанбе, фурудгоҳи байналмиллалии душанбе, терминал, нав, эмомалӣ раҳмон, рустами эмомалӣ
дар тоҷикистон, душанбе, фурудгоҳи байналмиллалии душанбе, терминал, нав, эмомалӣ раҳмон, рустами эмомалӣ
Пешвоз бо меҳмоннавозӣ: Фурудгоҳи Душанбе соҳиби терминали нав мешавад
Терминали ҷадид имкон хоҳад дошт дар давоми сол ба беш аз 8,5 млн мусофир хизмат расонад
ДУШАНБЕ, 10 окт - Sputnik. Дар фурӯдгоҳи Душанбе терминали ҷадид бунёд мешавад, ки дар он қабул ва гусели меҳмононро дар сатҳи байналмилалӣ ва бо анъанаҳои меҳмоннавозии тоҷикона ба роҳ монда мешавад.
Санги асоси онро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо раиси пойтахт, Рустами Эмомалӣ гузоштааст.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии кишвардори Тоҷикистон гузориш додааст.
Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи терминали нави байналмилалӣ, аз ҷумла иттилоъ дода шудааст, ки иншоот бо риояи тамоми меъёрҳои муосири ҷаҳонӣ сохта хоҳад шуд.
"Иқтидори терминали муосир баробар ба хизматрасонии 8,5 миллион мусофир дар як сол мебошад", - омадааст дар хабарнома.
Тибқи гузориши хадамоти матбуотӣ, муҳлати сохтмони бино якуним сол муайян гардида, он бо истифода аз масолеҳи хушсифати сохтмонӣ ва ҷалби садҳо мутахассиси ботаҷриба бунёд мегардад.
Ҳадаф аз бунёди иншооти нав таъмини сатҳи баланди қабул ва гусели мусофирон тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ва анъанаҳои меҳмоннавозии тоҷикона мебошад.
Аснои шиносоӣ Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти фурудгоҳ ва дигар шахсони масъул супориш дода, ки корҳо бо сифати баланд ба роҳ монда шуда, терминали нав дар муҳлати муайяншуда бунёду ба истифода дода шавад.
Бояд гуфт, тавассути Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар ним сол 579 ҳаз. мусофир омада, 592 ҳаз. мусофир рафтаанд.
Дар умум фурудгоҳи пойтахт дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба 1,17 млн мусофир хизмат расондааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 132 ҳаз. мусофир, ё 13% зиёд мебошад.