https://sputnik.tj/20261019/mahsulot-sanoat-tojikiston-khatlon-istehsol-1081320897.html
Ҳудуди 20% маҳсулоти саноатии Тоҷикистон дар Хатлон истеҳсол мешавад
Ҳудуди 20% маҳсулоти саноатии Тоҷикистон дар Хатлон истеҳсол мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Соҳибкорони Хатлон сар аз аввали соли ҷорӣ 68 корхонаю коргоҳи нави саноатӣ ба истифода дода шуда, барои 798 нафар ҷойи нави корӣ фароҳам овардаанд
2026-10-19T10:51+0500
2026-10-19T10:51+0500
2026-10-19T10:57+0500
дар тоҷикистон
хатлон
иқтисод
саноат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/18/1077059811_0:97:2048:1249_1920x0_80_0_0_7276131a1957311b77e9c36f7ff0bec6.jpg
ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Дар бахши саноати вилояти Хатлон зарфи нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 10,6 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст.Суръати афзоиши истеҳсолот 15,5% афзуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти ҳукумати вилоят аз натиҷаи ҷаласаи раиси вилоят Давлаталӣ Саид иттилоъ медиҳад.Ба иттилои манбаъ, ҳиссаи вилоят дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ 20%-ро ташкил дод.Дар ин давра аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ 68 корхонаю коргоҳи нави саноатӣ ба истифода дода шуда, барои 798 нафар ҷойи нави корӣ фароҳам оварда шуд. Ҳамзамон, истеҳсоли 12 номгӯи маҳсулоти саноатие, ки соли гузашта истеҳсол намешуданд, ба роҳ монда шуд.Таъкид мешавад, ки дар ин давра нишондиҳандаи кӯтоҳмуддати рушди минтақавии вилояти Хатлон ба 37 млрду 152 млн сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 8,1-ро ташкил дод. Ҳиссаи вилоят дар нишондиҳандаи кӯтоҳмуддати рушди иқтисоди ҷумҳурӣ ба 27,3 фоиз баробар гардид.Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,2 фоиз, маҳсулоти саноатӣ 15,5 фоиз, гардиши савдо 36,7 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ 13 фоизро ташкил дод. Ҳаҷми боркашонӣ 18,8 фоиз ва мусофиркашонӣ 9,3 фоиз афзоиш ёфт.Дар ин давра қисми даромади буҷети вилоят пурра иҷро гардида, воридоти маблағҳо 4 миллиарду 534,6 миллион сомониро ташкил дод. Нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳои иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 106,1 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 3 миллиарду 68,7 миллион сомонӣ ворид шуд.Дар доираи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030 то 1 октябри соли ҷорӣ 26 лоиҳа ба маблағи 1,2 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, корҳои татбиқи 84 лоиҳаи дигар идома доранд. Сатҳи умумии иҷрои барнома бо дарназардошти лоиҳаҳои анҷомёфта ва идомадошта 31,2%-ро ташкил медиҳад.Дар моҳҳои январ - сентябр ба иқтисоди вилоят 19,3 млн доллари сармояи хориҷӣ ворид гардида, аз ин маблағ 12,1 млн доллар ё 62,7 %-ро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад.
https://sputnik.tj/20260905/rahmon-sohibistiqloli-khatlon-korkhona-nav-bunyod-1080200108.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/18/1077059811_42:0:1862:1365_1920x0_80_0_0_8e149fd324c8be09a654b37b9103e452.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, хатлон, иқтисод, саноат
дар тоҷикистон, хатлон, иқтисод, саноат
Ҳудуди 20% маҳсулоти саноатии Тоҷикистон дар Хатлон истеҳсол мешавад
10:51 19.10.2026 (Навсозишуда: 10:57 19.10.2026) Соҳибкорони Хатлон сар аз аввали соли ҷорӣ 68 корхонаю коргоҳи нави саноатӣ ба истифода дода шуда, барои 798 нафар ҷойи нави корӣ фароҳам овардаанд
ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Дар бахши саноати вилояти Хатлон зарфи нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 10,6 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст.
Суръати афзоиши истеҳсолот 15,5% афзуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти ҳукумати вилоят аз натиҷаи ҷаласаи раиси вилоят Давлаталӣ Саид иттилоъ медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ҳиссаи вилоят дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ 20%-ро ташкил дод.
Дар ин давра аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ 68 корхонаю коргоҳи нави саноатӣ ба истифода дода шуда, барои 798 нафар ҷойи нави корӣ фароҳам оварда шуд.
Ҳамзамон, истеҳсоли 12 номгӯи маҳсулоти саноатие, ки соли гузашта истеҳсол намешуданд, ба роҳ монда шуд.
Таъкид мешавад, ки дар ин давра нишондиҳандаи кӯтоҳмуддати рушди минтақавии вилояти Хатлон ба 37 млрду 152 млн сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 8,1-ро ташкил дод.
Ҳиссаи вилоят дар нишондиҳандаи кӯтоҳмуддати рушди иқтисоди ҷумҳурӣ ба 27,3 фоиз баробар гардид.
Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,2 фоиз, маҳсулоти саноатӣ 15,5 фоиз, гардиши савдо 36,7 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ 13 фоизро ташкил дод.
Ҳаҷми боркашонӣ 18,8 фоиз ва мусофиркашонӣ 9,3 фоиз афзоиш ёфт.
Дар ин давра қисми даромади буҷети вилоят пурра иҷро гардида, воридоти маблағҳо 4 миллиарду 534,6 миллион сомониро ташкил дод.
Нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳои иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 106,1 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 3 миллиарду 68,7 миллион сомонӣ ворид шуд.
Дар доираи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030 то 1 октябри соли ҷорӣ 26 лоиҳа ба маблағи 1,2 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, корҳои татбиқи 84 лоиҳаи дигар идома доранд.
Сатҳи умумии иҷрои барнома бо дарназардошти лоиҳаҳои анҷомёфта ва идомадошта 31,2%-ро ташкил медиҳад.
Дар моҳҳои январ - сентябр ба иқтисоди вилоят 19,3 млн доллари сармояи хориҷӣ ворид гардида, аз ин маблағ 12,1 млн доллар ё 62,7 %-ро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад.