https://sputnik.tj/20260905/rahmon-sohibistiqloli-khatlon-korkhona-nav-bunyod-1080200108.html
Раҳмон гуфт дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Хатлон чанд корхонаи нав бунёд шудааст
Раҳмон гуфт дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Хатлон чанд корхонаи нав бунёд шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи раисҷумҳури кишвар дар баробари давлат соҳибкорони вилоят дар бунёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ нақши муҳим мебозанд
2026-09-05T17:03+0500
2026-09-05T17:03+0500
2026-09-05T17:03+0500
эмомалӣ раҳмон
дар тоҷикистон
хатлон
бохтар
коргоҳ
саноат
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/09/04/1080178051_0:139:2047:1290_1920x0_80_0_0_e32615cac9334149f8a8f18823c88396.jpg
ДУШАНБЕ, 5 сен - Sputnik. Раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар гуфтугӯ бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар таъкид намуд, ки ҳоло соҳибкорони вилоят дар бунёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ, марказҳои хизматрасонӣ, роҳу пулҳо ва дигар иншооти муҳим саҳми назаррас доранд.Вай гуфт, соҳибкорон дар татбиқи ҳадафҳои созандаи давлат нақши муҳим мебозанд.Раҳбари кишвар дар ин дидор қад кард, ки вилояти Хатлон дар татбиқи самтҳои муҳимми сиёсати иқтисодии Ҳукумат - саноатикунонии босуръати кишвар, таъмини амнияти озуқаворӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ саҳми басо муҳим дорад.Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон вилояти Хатлон имрӯз на танҳо яке аз марказҳои асосии иқтисодии кишвар, балки такягоҳи муҳимми соҳаи энергетикаи кишвар ба ҳисоб меравад.Аз иқтидори умумии энергетикии Тоҷикистон, ки 6491 мегаваттро ташкил медиҳад, беш аз 75% он дар ҳудуди вилояти Хатлон ҷойгир мебошад.“Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилоят як қатор иншооти муҳимми энергетикӣ, аз ҷумла неругоҳҳои обии “Сангтӯда-1” ва “Сангтӯда-2”, хатҳои интиқоли барқи “Лолазор-Хатлон” ва “Тоҷикистон-Афғонистон”, зеристгоҳҳои муосири барқӣ ва даҳҳо иншооти дигари энергетикӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд”, — иброз доштанд раҳбари кишвар.
https://sputnik.tj/20260901/rahmon-javononu-navrason-farhangi-istifoda-internet-1080075758.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/09/04/1080178051_114:0:1933:1364_1920x0_80_0_0_ada63d6f86c2b902fa4cbd535703234d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, дар тоҷикистон, хатлон, бохтар, коргоҳ, саноат, сиёсат
эмомалӣ раҳмон, дар тоҷикистон, хатлон, бохтар, коргоҳ, саноат, сиёсат
Раҳмон гуфт дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Хатлон чанд корхонаи нав бунёд шудааст
Ба гуфтаи раисҷумҳури кишвар дар баробари давлат соҳибкорони вилоят дар бунёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ нақши муҳим мебозанд
ДУШАНБЕ, 5 сен - Sputnik. Раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар гуфтугӯ бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар таъкид намуд, ки ҳоло соҳибкорони вилоят дар бунёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ, марказҳои хизматрасонӣ, роҳу пулҳо ва дигар иншооти муҳим саҳми назаррас доранд.
Вай гуфт, соҳибкорон дар татбиқи ҳадафҳои созандаи давлат нақши муҳим мебозанд.
Раҳбари кишвар дар ин дидор қад кард, ки вилояти Хатлон дар татбиқи самтҳои муҳимми сиёсати иқтисодии Ҳукумат - саноатикунонии босуръати кишвар, таъмини амнияти озуқаворӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ саҳми басо муҳим дорад.
“Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар шумораи корхонаҳои саноатии вилоят аз 75 ба зиёда аз 900 расида, ҳоло дар онҳо садҳо навъи маҳсулот бо дарназардошти стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол карда мешавад”, - гуфт ӯ.
Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон вилояти Хатлон имрӯз на танҳо яке аз марказҳои асосии иқтисодии кишвар, балки такягоҳи муҳимми соҳаи энергетикаи кишвар ба ҳисоб меравад.
Аз иқтидори умумии энергетикии Тоҷикистон, ки 6491 мегаваттро ташкил медиҳад, беш аз 75% он дар ҳудуди вилояти Хатлон ҷойгир мебошад.
“Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилоят як қатор иншооти муҳимми энергетикӣ, аз ҷумла неругоҳҳои обии “Сангтӯда-1” ва “Сангтӯда-2”, хатҳои интиқоли барқи “Лолазор-Хатлон” ва “Тоҷикистон-Афғонистон”, зеристгоҳҳои муосири барқӣ ва даҳҳо иншооти дигари энергетикӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд”, — иброз доштанд раҳбари кишвар.