Дастаи "Хуҷанд" бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон шуд
09:32 19.10.2026 (Навсозишуда: 09:40 19.10.2026)

© Foto / Пресс-служба ФК "Худжанд"
Обуна шудан
Барои пирӯзӣ дар Ҷоми Тоҷикистон-2026 дастаҳо бо ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷми 200 ва 100 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.
ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Дастаи "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон шуд!
Дар бозии финалии "Ҷоми Тоҷикистон-2026" дастаи "Хуҷанд" зери роҳбарии мутахассиси сербиягӣ Милан Миланович бар тими "Сардор"-и шаҳри Турсунзода пирӯз гардид.

Ин дидор дар варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан доир гардида, бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи "уқобон" анҷомид.
Голҳои "Хуҷанд"-ро Анҷелкович (39′) ва Эмануэл Гаруба (76′) ва аз "Сардор"-ро Анушервон Ҷебов ба самар расониданд.
Бо ин пирӯзӣ "Хуҷанд" соҳиби ҷом ва роҳхатро ба Лигаи даъвати КФО-2027/28 гардид.
Ёдовар мешавем, ки қаблан "Хуҷанд" солҳои 1997/1998, инчунин солҳои 2002, 2008, 2017 ва 2021 барандаи Ҷоми Тоҷикистон шуда буд.
Голҳои "Хуҷанд"-ро Анҷелкович (39′) ва Эмануэл Гаруба (76′) ва аз "Сардор"-ро Анушервон Ҷебов ба самар расониданд.
Бо ин пирӯзӣ "Хуҷанд" соҳиби ҷом ва роҳхатро ба Лигаи даъвати КФО-2027/28 гардид.
Ёдовар мешавем, ки қаблан "Хуҷанд" солҳои 1997/1998, инчунин солҳои 2002, 2008, 2017 ва 2021 барандаи Ҷоми Тоҷикистон шуда буд.
Барои пирӯзӣ дар Ҷоми Тоҷикистон-2026 дастаҳо бо ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷми 200 ва 100 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.
Тими "Сардор" ҳамагӣ дар чаҳор сол таърихи ҳастияш ин мавсим ҳангома барангехт.
Он тавонист зери роҳбарии Рустам Хоҷаев дар рақобатҳои сангин ба финали ин мусобиқа бирасад, ки беҳтарин нишондиҳанда дар таърихи кӯтоҳи тим аст