Дар Тоҷикистон нақзи қонуни замин афзудааст

© Foto / Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанСады "Хуросона" в Хатлонской области
Сады Хуросона в Хатлонской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2026
Обуна шудан
Нақзи қонунгузории замин дар Тоҷикистон дар се моҳи ахир 3073 ҳолат афзудааст, бармеояд аз додаҳои Кумитаи замин
ДУШАНБЕ, 18 окт – Sputnik. Дар Тоҷикистон зарфи нуҳ моҳи соли ҷорӣ 10 ҳазору 734 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардидааст.
Дар ин бора Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҷумҳурӣ дар натиҷаи ҳисоботе иттилоъ додааст.
Таъкид мешавад, ки барои бартараф намудани ҳолати ошкоргардида аз ҷониби зерсохторҳои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ 9 ҳазору 492 дастур, нисбат ба 9 ҳазору 573 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда,
Ҳамзамон ин ниҳод 529 маводро барои амалигардонӣ ба Хадамоти иҷро фиристодааст.
Таъкид мешавад, ки аз 10 ҳазору 734 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал 7 ҳазору 136 ҳолати он бартараф карда шудааст.
Виноградники в фермерском хозяйстве Боғи Сомон в городе Турсунзаде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2026
"Замини ҷиноӣ": Парвандаҳои замин чанд мансабдорро гирифтор кард?
Нишондиҳандаҳои нақзи қонунгузории замин нисбат ба се моҳи қаблӣ 3073 ҳолат афзудааст.
Зеро чунин омор дар моҳҳои январ-июн аз ҷониби кумита 7661 ҳолат ироа шуда буд.
Ҳаҷми ҷаримаҳо дар ин давра ба 4,2 млн баробар шуда, аз ин 3,56 млн сомонӣ ба суратҳисоби махсус ворид карда шуд.
Додситонӣ бошад, дар ин давра дар иртибот бо иҷрои қавонини замин, 133 мақоми масъулро таҳти пайгарди ҷиноӣ қарор дод.
Нақзи қавонини марбут ба замин тайи 30 соли гузашта яке аз муҳимтарин ва ҳассостарин масоили ҷомеаи Тоҷикистон ба шумор меравад.
Гузоришҳои ғайрирасмӣ нишон медиҳад, ки дар раванди тасарруфи ғайриқонунии замин аз тариқи созукорҳои расмӣ, даҳҳо миллион сомонӣ гардиши молӣ вуҷуд дорад; рақаме, ки сабт ва муҳосибаи дақиқи он аз тавони ҳар ниҳоде хориҷ аст.
Лентаи хабарҳо
0