Русия ва кишварҳои узви ИИАО дар соҳаи коркарди нафт ҳамкорӣ мекунанд

© Sputnik / Алексей Майшев / Гузариш ба медиабонкМосковский нефтеперерабатывающий завод.
Московский нефтеперерабатывающий завод. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.10.2026
Обуна шудан
Дар айни замон масъалаи интиқоли ашёи хом ба қаламрави кишвар аз давлатҳои дӯст низ баррасӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 17 окт - Sputnik. Русия ва кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) дар соҳаи коркарди нафт ҳамкорӣ мекунанд.
Дар ин бора, муовини сарвазири Русия Александр Новак дар ҳафтаи энергетикии Русия изҳор дошт. Вай қайд кард, ки дар айни замон ин кор идома дорад.
"Мо бо кишварҳои дӯст ва бахусус кишварҳои узви иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар асоси мутақобилан судманд ҳам дар таъминоти захираҳои энергетикӣ ва ҳам дар сурати имкон коркарди нафти худ ҳамкорӣ мекунем", - гуфт Новак.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҳолати зарурӣ масъалаҳои марбут ба интиқоли сӯзишворӣ ба қаламрави Русия низ баррасӣ мешаванд.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё созмони байналмилалии ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ мебошад, ки дорои субъекти ҳуқуқии байналмилалӣ аст ва бо Шартномаи ИИАО таъсис ефтааст.
Дар иттиҳод озодии ҳаракати молҳо, хизматрасониҳо, сармоя ва қувваи корӣ, инчунин гузаронидани сиёсати ҳамоҳангшуда, мувофиқашуда ё ягона дар соҳаҳои иқтисодиёт таъмин карда мешавад.
Арам Саркисян во время видеомоста Астана — Москва — Минск — Бишкек — Ереван —Ташкент на тему: ЕАЭС в меняющемся мире: перспективы интеграции и новые экономические вызовы (13 октября 2026). Еревaн  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2026
Арам Саргсян: Таваҷҷуҳ ба ИИАО аз дастрасӣ ба бозори Русия вобаста аст
Аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон мебошанд. Аз Соли 2015 Тоҷикистон ба баррасии мақсаднокии дохилшавии кишвар ба иттиҳод машғул аст.
Лентаи хабарҳо
0