https://sputnik.tj/20261015/aram-sargsyan-tavajjuh-iiao-dastrasi-bozori-rusiya-1081211227.html
Арам Саргсян: Таваҷҷуҳ ба ИИАО аз дастрасӣ ба бозори Русия вобаста аст
Арам Саргсян: Таваҷҷуҳ ба ИИАО аз дастрасӣ ба бозори Русия вобаста аст
Sputnik Тоҷикистон
Як қатор кишварҳои пасошӯравӣ, дар ҳоле ки узви ИИАО нестанд, дар бозори Русия аз чунин имтиёзҳо истифода мебаранд, ки ин ангезаҳои онҳоро барои ҳамгироии ИИАО коста мекунад
2026-10-15T11:41+0500
2026-10-15T11:41+0500
2026-10-15T11:41+0500
ииао
авруосиё
ҳамкорӣ
ҳамгироӣ
тиҷорат
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/0e/1081211841_0:68:1600:968_1920x0_80_0_0_a949c51ae68aa88dcc04698bc949c75e.jpg
ДУШАНБЕ, 15 окт - Sputnik. Арам Саркисян, раиси Ҳизби Демократии Арманистон ва ҳамоҳангсози ҳаракати "Миасин" ("Ҳамроҳ"), зимни телеконфронс аз Остона то Маскав, Минск, Бишкек то Ереван то Тошканд, ки мустақиман тавассути маркази матбуоти мултимедиявии Sputnik Арманистон пахш шуд, изҳор дошт, ки Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё бояд ба худ кишварҳои навро ҷалб кунад.Ин аз як масъалаи асосӣ вобаста аст: чӣ гуна аъзои мавҷуда бозори Русияро истифода мебаранд, ки иқтисодиёти дигар кишварҳо ба он асосан вобаста аст.Бешубҳа, Арманистон дар доираи ИИАО имтиёзҳои муайяне гирифтааст; ММД-и кишвар аз соли 2015, вақте ки узви иттиҳод шуд, беш аз ду баробар афзоиш ёфтааст. Аммо агар ИИАО бо дигар иттиҳодияҳо рақобат кунад, пас мо бояд фикр кунем, ки чаро кишварҳои пасошӯравӣ, ҳамчун номзадҳои эҳтимолӣ, барои пайваст шудан майл надоранд."Чаро Ӯзбекистон намехоҳад ба ин иттиҳод ҳамроҳ шавад? Чаро Тоҷикистон дар нимароҳ аст? Чаро Озарбойҷон ё Гурҷистон наметавонад дар он ҷо бошад? Ман фикр мекунам, ки яке аз сабабҳо дар он аст, ки ҳамаи онҳо ба бозори Русия дастрасӣ доранд. Онҳо [дар тиҷорат бо Русия] он чизеро, ки ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё хос аст, амалӣ мекунанд ва онҳо ба афзалиятҳои дигар ниёз надоранд", - изҳор дошт сиёсатмадор.Ҳамкории илмӣ ва саноатӣ низ барои тақвияти ҳамгироии АвруОсиё, имконисармоягузорӣ ба иқтисодиёти якдигар ва рушди манфиатҳои умумии иқтисодӣ дар дохили панҷгонаи АвруОсиё муҳим аст, таъкид кард раҳбари Ҳизби Демократ.Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – ташкилоти байналмилалии иқтисодӣ буда, барои босамар пешравии ҷараёни иттифоқи гумрукӣ ва минтақаи озоди иқтисодӣ ва боз барои иҷрокунии дигар мақсадҳо ва вазифаҳое ки бо ҷараёни интегратсиони дар соҳаи иқтисодӣ ва башардӯстона вобаста мебошанд, таъсис шудааст.
https://sputnik.tj/20261014/iiao-idm-nizomi-vohid-lozim-ast-1081180366.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/0e/1081211841_30:0:1453:1067_1920x0_80_0_0_1dca5d88a0b2f00506b2a835c20da057.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, авруосиё, ҳамкорӣ, ҳамгироӣ, тиҷорат, иқтисод
ииао, авруосиё, ҳамкорӣ, ҳамгироӣ, тиҷорат, иқтисод
Арам Саргсян: Таваҷҷуҳ ба ИИАО аз дастрасӣ ба бозори Русия вобаста аст
Як қатор кишварҳои пасошӯравӣ, дар ҳоле ки узви ИИАО нестанд, дар бозори Русия аз чунин имтиёзҳо истифода мебаранд, ки ин ангезаҳои онҳоро барои ҳамгироии ИИАО коста мекунад
ДУШАНБЕ, 15 окт - Sputnik. Арам Саркисян, раиси Ҳизби Демократии Арманистон ва ҳамоҳангсози ҳаракати "Миасин" ("Ҳамроҳ"), зимни телеконфронс аз Остона то Маскав, Минск, Бишкек то Ереван то Тошканд, ки мустақиман тавассути маркази матбуоти мултимедиявии Sputnik Арманистон пахш шуд, изҳор дошт, ки Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё бояд ба худ кишварҳои навро ҷалб кунад.
Ин аз як масъалаи асосӣ вобаста аст: чӣ гуна аъзои мавҷуда бозори Русияро истифода мебаранд, ки иқтисодиёти дигар кишварҳо ба он асосан вобаста аст.
Бешубҳа, Арманистон дар доираи ИИАО имтиёзҳои муайяне гирифтааст; ММД-и кишвар аз соли 2015, вақте ки узви иттиҳод шуд, беш аз ду баробар афзоиш ёфтааст. Аммо агар ИИАО бо дигар иттиҳодияҳо рақобат кунад, пас мо бояд фикр кунем, ки чаро кишварҳои пасошӯравӣ, ҳамчун номзадҳои эҳтимолӣ, барои пайваст шудан майл надоранд.
"Чаро Ӯзбекистон намехоҳад ба ин иттиҳод ҳамроҳ шавад? Чаро Тоҷикистон дар нимароҳ аст? Чаро Озарбойҷон ё Гурҷистон наметавонад дар он ҷо бошад? Ман фикр мекунам, ки яке аз сабабҳо дар он аст, ки ҳамаи онҳо ба бозори Русия дастрасӣ доранд. Онҳо [дар тиҷорат бо Русия] он чизеро, ки ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё хос аст, амалӣ мекунанд ва онҳо ба афзалиятҳои дигар ниёз надоранд", - изҳор дошт сиёсатмадор.
Ҳамкории илмӣ ва саноатӣ низ барои тақвияти ҳамгироии АвруОсиё, имконисармоягузорӣ ба иқтисодиёти якдигар ва рушди манфиатҳои умумии иқтисодӣ дар дохили панҷгонаи АвруОсиё муҳим аст, таъкид кард раҳбари Ҳизби Демократ.
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – ташкилоти байналмилалии иқтисодӣ буда, барои босамар пешравии ҷараёни иттифоқи гумрукӣ ва минтақаи озоди иқтисодӣ ва боз барои иҷрокунии дигар мақсадҳо ва вазифаҳое ки бо ҷараёни интегратсиони дар соҳаи иқтисодӣ ва башардӯстона вобаста мебошанд, таъсис шудааст.