Беш аз 3 миллион занони Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ мекунанд

© Foto / Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПраздник мёда, хлеба и картофеля в г. Худжанд Согдийской области
Праздник мёда, хлеба и картофеля в г. Худжанд Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.10.2026
Обуна шудан
Ба иттилои мақомот занони деҳот дар Тоҷикистон қувваи асосии пешбарандаи ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии деҳот ба шумор мераванд
ДУШАНБЕ, 16 окт - Sputnik. Тибқи маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, то 1 январи соли 2026 дар мамлакат 10 миллиону 721,5 ҳазор нафар аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 5 миллиону 282,9 ҳазор нафарашро занон ташкил медиҳанд.
Ба иттилои манбаъ, аз ин шумор 3 миллиону 723,0 ҳазор нафарашон занон дар деҳот зиндагӣ мекунанд.
Тибқи маълумоти Таҳқиқоти қувваи корӣ–2025, дар Тоҷикистон 3 миллиону 18 ҳазору 773 нафар аҳолии аз 15 то 75-сола ба қайд гирифта шудааст.
Ба иттилои Агентӣ, аз ин шумора 1 миллиону 950 ҳазору 415 нафар (64,6 фоиз) мардон ва 1 миллиону 68 ҳазору 358 нафар (35,4 фоиз) занон мебошанд.
Аз рӯи маҳалли зист аксари қувваи корӣ дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Тибқи омори таҳқиқот, 2 миллиону 152 ҳазору 231 нафар сокини деҳот ва 866 ҳазору 542 нафар сокини шаҳр мебошанд.
Қайд карда шудааст, ки занони деҳот қариб дар ҳама соҳаҳо аз ҷумла маорифу тандурустӣ, саноату кишоварзӣ, ҳунаромӯзиву эҳёи анъанаҳои миллӣ фаъолият доранд.
Прием у врача.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2026
Дар Тоҷикистон 73% кормандони соҳаи маорифу тибро занон ташкил медиҳанд
Ба иттилои мақомот занони деҳот дар Тоҷикистон қувваи асосии пешбарандаи ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии деҳот ба шумор мераванд.
Аз сабаби ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани қисми зиёди мардон рӯзгор ва корҳои саҳроӣ ба дӯши занон меафтад.
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон аз 180 ҳазор нафар роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ 53 ҳазор нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0