Дар Тоҷикистон 73% кормандони соҳаи маорифу тибро занон ташкил медиҳанд

© Foto / Пресс-служба Министерства здравоохраненияМедицинские специалисты из Казахстана посетили Республику Таджикистан.
Медицинские специалисты из Казахстана посетили Республику Таджикистан. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2026
Обуна шудан
Занони Тоҷикистон дар рушди соҳаҳои маориф ва тиб саҳми бузург ва ҳалкунанда доранд. Имрӯз онҳо қисми асосии кормандони ин ду бахши муҳими иҷтимоӣ мебошанд
ДУШАНБЕ, 13сен — Sputnik. Имрӯз занон дар соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф ва тандурустӣ нақши назаррас доранд.
Дар ин бора президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон баён дошт.
Ба гуфтаи вай, ҳоло дар соҳаи маориф занон 73% ва дар соҳаи тандурустӣ 72% кормандонро ташкил медиҳанд.
Кишвардори Тоҷикистон таъкид намуд, ки имрӯз занони тоҷик дар ҳама самтҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа фаъолона иштирок ва дар рушди соҳаҳои мухталифи давлат нақши назаррас доранд.
Женщины Таджикистана, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.09.2026
Ҳукумат дар 35 сол ба 1395 занон беш аз 45 млн сомонӣ грант ҷудо намуд
"Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳазорон нафар занону духтарони соҳибмаърифат ҳамчун роҳбару сиёсатмадор, олиму омӯзгор, табибу соҳибкор ва кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои дигар ба камол расида, дар пешрафти давлат саҳми шоиста гузошта истодаанд",- қайд кард Эмомалӣ Раҳмон
Дар доираи сиёсати давлатӣ ва барномаҳои қабулшуда, аз ҷумла Барномаи давлатии кадрҳо, баланд бардоштани мақоми занон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо дар сохторҳои давлатӣ ва роҳбарикунанда боз ҳам беҳтар карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0