Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистон реҷаи кори обанбори "Баҳри Тоҷик" мувофиқа карданд

© Foto / Министерство энергетики и водных ресурсов ТаджикистанаТрехсторонняя встреча глав органов управления водными ресурсами Таджикистана, Узбекистана и Казахстана.
Трехсторонняя встреча глав органов управления водными ресурсами Таджикистана, Узбекистана и Казахстана.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2026
Обуна шудан
Протоколи сеҷониба байни Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистон дар бораи мувофиқаи реҷаи кори обанбори "Баҳри Тоҷик" ба имзо расонида шуд
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Дар ҳошияи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, 2018–2028" вохӯрии сеҷонибаи роҳбарони мақомоти хоҷагии оби Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистон баргузор гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазоарти энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои сеҷониба дар самти идоракунии захираҳои об, истифодаи самаранок ва устувори обанборҳо, инчунин таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи обу энергетикаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Қайд карда шудааст, ки дар натиҷаи музокирот Протоколи сеҷониба байни Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистон дар бораи мувофиқаи реҷаи кори обанбори "Баҳри Тоҷик" барои моҳҳои июн-августи соли 2026 ва ҳамкориҳои обию энергетикӣ ба имзо расонида шуд.
Қайд карда шудааст, ки ҷонибҳо протоколи сеҷонибаро имзо карданд, ки таъмини обро ба деҳқонони ноҳияҳои Мақтаарал ва Жетисойи вилояти Туркистони Қазоқистон пешбинӣ мекунад.
Тоҷикистон аз обанбори “Баҳри тоҷик” ба Қазоқистон ва Узбекистон об медиҳад.
Вазорати энергетикаи Қазоқистон хабар додааст, ки қисми асосии лӯлаи обгузари Баҳри-Тоҷик дар вилояти Суғди Тоҷикистон ва қисмати хурде дар вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон ҷойгир аст, ки аз ин рӯ созишнома сеҷониба буд.
"Масъалаи таъмини об ба минтақаҳои ҷанубӣ таҳти назорати махсус қарор дорад. Созишномаҳои бадастомада натиҷаи ҳамкории созанда ва дастгирии мутақобилаи кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд. Тадбирҳои андешидашуда мавсими устувори киштро таъмин мекунанд ва аз кишоварзони ватанӣ пуштибонӣ мекунанд", - таъхкид кардааст вазорати энергетикаи Қазоқистон.
Пас аз мулоқот, вазирони энрежӣ ва обёрии се кишвар Қазоқистон, Тоҷикистон ва Узбекистон омодагии худро барои тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар истифодаи оқилона ва мутақобилан судманди захираҳои оби минтақа тасдиқ карданд.
Лентаи хабарҳо
0