https://sputnik.tj/20261016/rahmon-tojikiston-jonibdor-tahkimi-nizomi-bisyorqutbi-ravobiti-1081246982.html
Раҳмон: Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори таҳкими низоми бисёрқутбии равобити байналмилалӣ аст
Раҳмон: Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори таҳкими низоми бисёрқутбии равобити байналмилалӣ аст
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё иштирок ва суханронӣ намуд
2026-10-16T09:36+0500
2026-10-16T09:36+0500
2026-10-16T09:36+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
озарбойҷон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/0f/1081241624_185:216:2048:1264_1920x0_80_0_0_45b0dba5757fb521835ace8e5c37b75e.jpg
ДУШАНБЕ, 16 окт - Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) дар бораи зарурати фароҳам овардани заминаҳои устувори таъмини сулҳу суботи пойдорро дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ ва этимод, волоияти усулҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳамчунин, ҳалли осоиштаи баҳсу ихтилофҳоро бахусус таъкид кард.Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.Ба гуфтаи раисҷумҳур, Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори таҳкими низоми бисёрқутбии муносибатҳои байналмилалӣ ва рушди ҳамкории созандаи давлатҳо мебошад.Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз дошт, ки дар шароити имрӯза Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё метавонад ҳамчун майдони муколама миёни кишварҳои қитъа нақши боз ҳам муассирро ба уҳда гирад.Президенти кишвар изҳор дошт, ки таҳкими сулҳ ва эътимод барои Тоҷикистон дар низоми равобити байналмилалӣ, на танҳо мавқеи сиёсӣ, балки самти муҳими сиёсати хориҷии он мебошад.Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар бораи таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризм ва ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, бахусус таҳдидҳои киберӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таъкид кард.Раҳбари Тоҷикистон таваҷҷуҳи сарони давлатҳо ва роҳбарони ҳайатҳои кишварҳоро ба масоили рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва технологӣ, ҳамчун заминаи аслии барқарории сулҳу суботи пойдор ҷалб намуд.Гуфта шуд, ки Тоҷикистон ба тавсеаи ҳамкории минтақавӣ дар самти соддагардонии расмиёти гумрукӣ ва логистикӣ, ташкили долонҳои нақлиётии мултимодалӣ, рушди иқтисоди рақамӣ, энергетика ва саноати “сабз” ҳавасманд мебошад ва ба густариши технологияҳои рақамии молиявӣ таваҷҷуҳ медиҳад.
https://sputnik.tj/20261015/rahmon-sohibkoron-nomguyi-molho-sodiroti-vase-1081212914.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/0f/1081241624_228:0:2048:1365_1920x0_80_0_0_38bf5e460463ce524146e21f4e487886.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, озарбойҷон, сиёсат
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, озарбойҷон, сиёсат
Раҳмон: Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори таҳкими низоми бисёрқутбии равобити байналмилалӣ аст
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё иштирок ва суханронӣ намуд
ДУШАНБЕ, 16 окт - Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) дар бораи зарурати фароҳам овардани заминаҳои устувори таъмини сулҳу суботи пойдорро дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ ва этимод, волоияти усулҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳамчунин, ҳалли осоиштаи баҳсу ихтилофҳоро бахусус таъкид кард.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Ба гуфтаи раисҷумҳур, Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори таҳкими низоми бисёрқутбии муносибатҳои байналмилалӣ ва рушди ҳамкории созандаи давлатҳо мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз дошт, ки дар шароити имрӯза Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё метавонад ҳамчун майдони муколама миёни кишварҳои қитъа нақши боз ҳам муассирро ба уҳда гирад.
Президенти кишвар изҳор дошт, ки таҳкими сулҳ ва эътимод барои Тоҷикистон дар низоми равобити байналмилалӣ, на танҳо мавқеи сиёсӣ, балки самти муҳими сиёсати хориҷии он мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар бораи таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризм ва ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, бахусус таҳдидҳои киберӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таъкид кард.
“Мо ба пешбурди “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он” ҳамчун абзори муассир дар таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар ин самт идома хоҳем дод”, - гуфт ӯ.
Раҳбари Тоҷикистон таваҷҷуҳи сарони давлатҳо ва роҳбарони ҳайатҳои кишварҳоро ба масоили рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва технологӣ, ҳамчун заминаи аслии барқарории сулҳу суботи пойдор ҷалб намуд.
Гуфта шуд, ки Тоҷикистон ба тавсеаи ҳамкории минтақавӣ дар самти соддагардонии расмиёти гумрукӣ ва логистикӣ, ташкили долонҳои нақлиётии мултимодалӣ, рушди иқтисоди рақамӣ, энергетика ва саноати “сабз” ҳавасманд мебошад ва ба густариши технологияҳои рақамии молиявӣ таваҷҷуҳ медиҳад.