Раҳмон аз соҳибкорон хост, ки номгӯйи молҳои содиротиро васеъ намоянд

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2026
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, ки таҳкими мавқеи маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои хориҷӣ вазифаи муҳимми соҳибкорон мебошад
ДУШАНБЕ, 15 окт - Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо сармоягузорон ва соҳибкорони кишвар гуфт, ки солҳои охир ҳаҷми содироти ҷумҳурӣ тадриҷан зиёд шудааст.
Вай гуфт, ки дар нуҳ моҳи соли 2026 содироти маҳсулоти Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18,4% афзоиш ёфтааст.
Раҳбари кишвар қайд кард, ки қисми зиёди афзоиши содирот аз ҳисоби металлҳои қиматбаҳо ва маъдан таъмин гардидааст.
Эмомалӣ Раҳмон аз соҳибкорон даъват кард, ки бояд ҳиссаи маҳсулоти тайёру коркардшуда дар содирот зиёд ва номгӯйи молҳои содиротӣ васеъ карда шавад.
“Барои ин ҷалби технологияҳои муосир, мутобиқ намудани маҳсулот ба стандарту талаботи бозорҳои хориҷӣ, сертификатсия, бастабандии босифат ва рушди хизматрасониҳои нақлиётиву логистикӣ зарур аст”, - гуфт кишвардори Тоҷикистон.
Вай илова кард, ки эътимод ба тамғаи "Истеҳсоли Тоҷикистон" бояд бо сифати устувори маҳсулот ва иҷрои саривақтии уҳдадориҳои шартномавӣ таҳким бахшида шавад.
“Маҳсулоти мо боз як бартарии муҳим дорад, яъне барои истеҳсоли он неруи барқе истифода мешавад, ки дар кишварамон асосан аз манбаъҳои "сабз" тавлид мегардад”, - афзуд Эмомалӣ Раҳмон.
Раҳбари Тоҷикистон зикр кард, ки кишварҳое, ки чунин ҳиссаи баланди неруи барқи "сабз" доранд, дар ҷаҳон каманд ва ин омили муҳимми баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ мебошад.
Сбор урожая хлопка.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2026
Афзоиши сеяки содироти пахтаи Тоҷикистон
Ёдовар мешавем, ки дар нимсолаи аввали соли 2026 ҳаҷми содироти мол ва маҳсулот аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба 1,6 миллиард доллар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 623,7 миллион доллар (ё 65,3%) афзоиш ёфтааст.
Қисми асосии содиротро (зиёда аз 97%-и ҳаҷми умумӣ) маҳсулоти саноатӣ ташкил медиҳад. Пешсафони ин бахш металлҳо ва сангҳои қимматбаҳо (ба маблағи 517 миллион доллар), инчунин маъданҳо ва консентратҳо (451,7 миллион доллар) мебошанд. Саҳми нахи пахта, алюминийи аввалия ва сурма низ дар сабади содиротӣ баланд боқӣ мемонад.
Лентаи хабарҳо
0