https://sputnik.tj/20261008/rahmon-sokhtmon-korkhonai-poloishi-naft-osiyoi-markazi-zarur-1081050112.html
Раҳмон сохтмони бузургтарин корхонаи полоиши нафт дар Осиёи Марказиро зарур донист
Раҳмон сохтмони бузургтарин корхонаи полоиши нафт дар Осиёи Марказиро зарур донист
Sputnik Тоҷикистон
Раиҳбари Тоҷикистон дар Туркманистон гуфт, ки ба хотири таъмини ниёзҳои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ бо корхонаи бузурги полоиши нафт сохта шавад
2026-10-08T17:23+0500
2026-10-08T17:23+0500
2026-10-08T17:28+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
нафт
сӯзишворӣ
энергетика
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/08/1081045755_0:309:1878:1365_1920x0_80_0_0_fc8d87120d0a4b3787997cbcb5cfbff9.jpg
ДУШАНБЕ, 8 окт - Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар мулоқоти ҳаштуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар бораи густариши ҳамкориҳои энергетикӣ таъкид кард.Кишвардори Тоҷикистон, бо назардошти зарурати густариши ҳамкории энергетикӣ ва аҳамияти он дар таъмини устувории истеҳсолоти кишоварзӣ ва таҳкими амнияти озуқаворӣ, пешниҳод намуданд, ки имкони тартиб додани рӯйхати лоиҳаҳои афзалиятноки энергетикӣ ва дарёфти механизмҳои имконпазири маблағгузории муштараки онҳо баррасӣ карда шавад.Вай ҳамчунин дар бораи сохтмони корхонаи бузурги полоиши нафт дар Осиёи Марказӣ таъхкид кард.Вай ба таҳия ва татбиқи лоиҳаи сохтмони корхонаи бузурги коркарди нафт дар асоси технологияҳои навтарин таваҷҷуҳи хос зоҳир кард ва гуфт корхонаи мазкур бояд ниёзҳои тамоми минтақаро таъмин намояд.Ҳамчунин, раҳбари Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки стратегияи гузариши минтақавии "сабз" бо назардошти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва беҳсозии самаранокии энергия таҳия карда шавад.Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қаблан пешниҳод карда буд, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ бо истифода аз технологияҳои муосир як корхонаи бузурги полоиши нафт сохта шавад, то ниёзҳои тамоми кишварҳои минтақа ба маводи сӯхт таъмин гардад.Ин иқдомро Президенти Тоҷикистон дар нишастҳо ва ҳамоишҳои сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар ҷаласаи моҳи июли соли 2026 дар Чолпон-Атаи Қирғизистон ва моҳи октябри соли 2026 дар Туркманистон баён кард.Вай гуфта буд, ки корхона бояд бар асоси фанновариҳои нав сохта шуда, эҳтиёҷоти сузишвории тамоми кишварҳои ҳамсояро ба назар гирад.
https://sputnik.tj/20260925/avvalin-qatorahoi-naft-eron-voridi-tojikiston-1080698137.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/08/1081045755_0:137:1638:1365_1920x0_80_0_0_8296df99cd3c2caf6efd1c168b018813.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, нафт, сӯзишворӣ, энергетика
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, нафт, сӯзишворӣ, энергетика
Раҳмон сохтмони бузургтарин корхонаи полоиши нафт дар Осиёи Марказиро зарур донист
17:23 08.10.2026 (Навсозишуда: 17:28 08.10.2026) Раиҳбари Тоҷикистон дар Туркманистон гуфт, ки ба хотири таъмини ниёзҳои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ бо корхонаи бузурги полоиши нафт сохта шавад
ДУШАНБЕ, 8 окт - Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар мулоқоти ҳаштуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар бораи густариши ҳамкориҳои энергетикӣ таъкид кард.
Кишвардори Тоҷикистон, бо назардошти зарурати густариши ҳамкории энергетикӣ ва аҳамияти он дар таъмини устувории истеҳсолоти кишоварзӣ ва таҳкими амнияти озуқаворӣ, пешниҳод намуданд, ки имкони тартиб додани рӯйхати лоиҳаҳои афзалиятноки энергетикӣ ва дарёфти механизмҳои имконпазири маблағгузории муштараки онҳо баррасӣ карда шавад.
Вай ҳамчунин дар бораи сохтмони корхонаи бузурги полоиши нафт дар Осиёи Марказӣ таъхкид кард.
Вай ба таҳия ва татбиқи лоиҳаи сохтмони корхонаи бузурги коркарди нафт дар асоси технологияҳои навтарин таваҷҷуҳи хос зоҳир кард ва гуфт корхонаи мазкур бояд ниёзҳои тамоми минтақаро таъмин намояд.
Ҳамчунин, раҳбари Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки стратегияи гузариши минтақавии "сабз" бо назардошти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва беҳсозии самаранокии энергия таҳия карда шавад.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қаблан пешниҳод карда буд, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ бо истифода аз технологияҳои муосир як корхонаи бузурги полоиши нафт сохта шавад, то ниёзҳои тамоми кишварҳои минтақа ба маводи сӯхт таъмин гардад.
Ин иқдомро Президенти Тоҷикистон дар нишастҳо ва ҳамоишҳои сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар ҷаласаи моҳи июли соли 2026 дар Чолпон-Атаи Қирғизистон ва моҳи октябри соли 2026 дар Туркманистон баён кард.
Вай гуфта буд, ки корхона бояд бар асоси фанновариҳои нав сохта шуда, эҳтиёҷоти сузишвории тамоми кишварҳои ҳамсояро ба назар гирад.