Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Расонаҳо: Агар интихобот баргузор мешуд, Зеленский кайҳо аз қудрат барканор мешуд

© Foto / Владимир Зеленский / TelegramВладимир Зеленский.
Владимир Зеленский.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2026
Обуна шудан
Нашрияи Bloomberg менависад, ки агар интихобот баргузор мешуд, Зеленский каҳо боз аз қудрат барканор мешуд
Расонаҳо: Агар интихобот баргузор мешуд, Зеленский кайҳо аз қудрат барканор мешуд
Нашрияи Bloomberg менависад, ки агар интихобот баргузор мешуд, Зеленский каҳо боз аз қудрат барканор мешуд.
Таҳлилгари нашрияи Bloomberg Марк Чемпион, менависад, агар дар Украина интихобот баргузор мешуд, Владимир Зеленский имрӯз раҳбари ин кишвар намебуд.
"Агар ҷанг намебуд, эҳтимол хеле пештар Зеленский аз қудрат мерафт, зеро дар интихоботи дигар аз қудрат барканор мешуд". – гуфт ӯ.
Дар охири ҳафтаи гузашта, президенти ИМА Доналд Трамп раҳбари режими Киевро айбдор кард, ки қаблан чандин маротиба имкони ҳалли низои Украинаро дошт, аммо ин корро накарда буд.
Владимир Зеленский. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Зеленский гуфт мухолифи баргузории интихоботи президентӣ дар Украина аст
Трамп боварӣ дорад, ки Украина ба интихобот ва як раҳбари нав ниёз дорад, то тавонад бо Русия созиш кунад.
Худи Зеленский дар мусоҳиба бо рӯзноманигори бритониёӣ Пирс Морган изҳор дошт, ки нияти истеъфо надорад ва имкони баргузории интихоботро рад кард.
Мӯҳлати ваколати Зеленский 20 майи соли 2024 ба охир расид. Сипас, овоздиҳӣ бо сабаби вазъи низомӣ ва сафарбаркунии умумӣ бекор карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0