https://sputnik.tj/20261014/afzoish-seyaki-sodiroti-pakhta-tojikiston-1081209443.html
Афзоиши сеяки содироти пахтаи Тоҷикистон
Афзоиши сеяки содироти пахтаи Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Ҷумҳурӣ содироти пахтаро ба хориҷа афзоиш дода, дар бозорҳои хориҷӣ садҳо миллион доллар фоида ба даст овард
2026-10-14T18:02+0500
2026-10-14T18:02+0500
2026-10-14T18:32+0500
содирот
иқтисод
кишоварзӣ
пахта
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/0c/1081142533_373:378:2874:1785_1920x0_80_0_0_75d8fcda89602112bc0126977037c494.jpg
ДУШАНБЕ, 14 окт - Sputnik. Аз моҳи январ то сентябри соли 2026 аз кишвар 67,17 ҳаз. тон пахта ба хориҷ содир кардааст, ки 23,3 дарсад бештар аз давраи мушобеҳи соли гузашта аст.Дар ин бора Агентии омори ҷумҳурӣ хабар дод.Бино бар додаҳои гумрукӣ, ки дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор гирифтааст, арзиши пахтаи содиротӣ 107,6 млн долларро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли гузашта 28,8 дарсад бештар аст.Ин рушд пеш аз ҳама аз афзоиши ҳаҷми физикии содирот ва ҳамчунин афзоиши қимати мутавассити содиротӣ то 1602 доллар барои ҳар тон мебошад, ки 4,4 дарсад бештар аз давраи мушобеҳи соли қабл аст.Бахши аслии содирот, яъне 95,2 дарсад, ба кишварҳои хориҷи дур ихтисос ёфтааст. Эрон ҷойгоҳи нахусти худро ҳифз карда ва ҳаҷми харидориҳояшро аз 39,12 ҳаз. тонна ба 44,42 ҳаз. тонна афзоиш додааст, ҳарчанд саҳми ин кишвар дар маҷмӯи арзиши содирот аз 70,06 дарсад ба 67,03 дарсад коҳиш ёфтааст.Боқии пахта ба Туркия (21,52 дарсад), Чин (6 дарсад), Русия (3,1 дарсад), Ӯзбекистон (1,5 дарсад), Латвия, Покистон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Беларус (дар маҷмӯъ 0,85 дарсад) содир шудааст.Аз маҷмӯи содироти нахи пахтаи Тоҷикистон 60,5 дарсад ё 65,09 млн доллар ба вилояти Хатлон ва 39,5 дарсад ё 42,51 млн доллар ба вилояти Суғд ихтисос ёфтааст.Дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли 2025, даромади содиротии вилояти Хатлон 29,4 дарсад ва вилояти Суғд 27,8 дарсад афзоиш ёфтааст.Даромад аз фурӯши маҳсулоти минтақа дар хориҷа дар моҳҳои январ-сентябри соли 2026 нисбат ба соли қаблӣ қариб 28% афзоиш ёфтааст.
https://sputnik.tj/20261001/pakhta-pulod-tojikiston-loihahoi-sanoati-oghoz-1080864641.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/0c/1081142533_590:260:2701:1843_1920x0_80_0_0_d391ee15d46f9ca88f14764ed646501c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
содирот, иқтисод, кишоварзӣ, пахта, дар тоҷикистон
содирот, иқтисод, кишоварзӣ, пахта, дар тоҷикистон
Афзоиши сеяки содироти пахтаи Тоҷикистон
18:02 14.10.2026 (Навсозишуда: 18:32 14.10.2026) Ҷумҳурӣ содироти пахтаро ба хориҷа афзоиш дода, дар бозорҳои хориҷӣ садҳо миллион доллар фоида ба даст овард
ДУШАНБЕ, 14 окт - Sputnik. Аз моҳи январ то сентябри соли 2026 аз кишвар 67,17 ҳаз. тон пахта ба хориҷ содир кардааст, ки 23,3 дарсад бештар аз давраи мушобеҳи соли гузашта аст.
Дар ин бора Агентии омори ҷумҳурӣ хабар дод.
Бино бар додаҳои гумрукӣ, ки дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор гирифтааст, арзиши пахтаи содиротӣ 107,6 млн долларро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли гузашта 28,8 дарсад бештар аст.
Ин рушд пеш аз ҳама аз афзоиши ҳаҷми физикии содирот ва ҳамчунин афзоиши қимати мутавассити содиротӣ то 1602 доллар барои ҳар тон мебошад, ки 4,4 дарсад бештар аз давраи мушобеҳи соли қабл аст.
Бахши аслии содирот, яъне 95,2 дарсад, ба кишварҳои хориҷи дур ихтисос ёфтааст. Эрон ҷойгоҳи нахусти худро ҳифз карда ва ҳаҷми харидориҳояшро аз 39,12 ҳаз. тонна ба 44,42 ҳаз. тонна афзоиш додааст, ҳарчанд саҳми ин кишвар дар маҷмӯи арзиши содирот аз 70,06 дарсад ба 67,03 дарсад коҳиш ёфтааст.
Боқии пахта ба Туркия (21,52 дарсад), Чин (6 дарсад), Русия (3,1 дарсад), Ӯзбекистон (1,5 дарсад), Латвия, Покистон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Беларус (дар маҷмӯъ 0,85 дарсад) содир шудааст.
Аз маҷмӯи содироти нахи пахтаи Тоҷикистон 60,5 дарсад ё 65,09 млн доллар ба вилояти Хатлон ва 39,5 дарсад ё 42,51 млн доллар ба вилояти Суғд ихтисос ёфтааст.
Дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли 2025, даромади содиротии вилояти Хатлон 29,4 дарсад ва вилояти Суғд 27,8 дарсад афзоиш ёфтааст.
Даромад аз фурӯши маҳсулоти минтақа дар хориҷа дар моҳҳои январ-сентябри соли 2026 нисбат ба соли қаблӣ қариб 28% афзоиш ёфтааст.