https://sputnik.tj/20261015/korkhonaho-kor-nakardand-rahmon-iqtidor-1081215530.html
Садҳо корхонаҳо кор накарданд: Раҳмон талаб кард, ки иқтидорҳо ба кор дароварда шаванд
Садҳо корхонаҳо кор накарданд: Раҳмон талаб кард, ки иқтидорҳо ба кор дароварда шаванд
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари Тоҷикистон таъкид кард, ки дар зарфи шаш сол дар кишвар беш аз 2600 корхона бунёд гардидааст
2026-10-15T12:41+0500
2026-10-15T12:41+0500
2026-10-15T12:41+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
иқтисод
саноат
бунёди коргоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/07/1065033362_109:0:1280:659_1920x0_80_0_0_c28c27bbb2830f76075635b8839effae.jpg
ДУШАНБЕ, 15 окт - Sputnik. Дар натиҷаи татбиқи ҳадафи саноатикунонии босуръат шумораи корхонаҳои саноатӣ имрӯз ба беш аз 4 ҳазор расидааст, гуфт раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сармоягузорон ва соҳибкорони ватанӣ.Вай гуфт, танҳо дар солҳои 2019 – 2025 беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бо зиёда аз 87 ҳазор ҷойи корӣ бунёд карда шудааст.Раҳбари кишвар аз мақомдорон талаб кард, ки суръат ва сифати саноатикунонӣ боз ҳам баланд бардошта шавад.Вай ба роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти маҳалӣ ва соҳибони корхонаҳо дастур дод, ки сабабҳои ҳолати мазкурро дар ҳар як корхона муайян намуда, барои барқарор ё васеъ кардани истеҳсолот чораҳои мушаххас андешанд.Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки таъсиси корхонаҳои нав на танҳо аз рӯйи шумора, инчунин, аз рӯйи иқтидори истеҳсолӣ, сатҳи технологӣ, ҷойҳои кории доимӣ ва қобилияти рақобат дар бозор бояд арзёбӣ карда шавад.Вай илова кард, ки дар ин самт соҳаҳои саноати маъдан, металлургия, сабук ва хӯрокворӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, дорусозӣ ва технологияҳои рақамӣ имконияти зиёд доранд.Раҳбари Тоҷикистон инчунин таъкид кард, ки корхонаҳои калон бояд ҳамкориро бо истеҳсолкунандагони маҳаллӣ густариш диҳанд ва корхонаҳои хурду миёнаро тавассути хариди ашёи хом, мол ва хизматрасонӣ ба занҷираҳои истеҳсолии худ ҷалб намоянд.
https://sputnik.tj/20260823/sanoat-badakhshon-bunyodi-korkhona-viloyat-1079863445.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/07/1065033362_214:0:1235:766_1920x0_80_0_0_d6d2e5945e6745cc8c43cfb4bd2f95c4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, иқтисод, саноат, бунёди коргоҳ
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, иқтисод, саноат, бунёди коргоҳ
Садҳо корхонаҳо кор накарданд: Раҳмон талаб кард, ки иқтидорҳо ба кор дароварда шаванд
Раҳбари Тоҷикистон таъкид кард, ки дар зарфи шаш сол дар кишвар беш аз 2600 корхона бунёд гардидааст
ДУШАНБЕ, 15 окт - Sputnik. Дар натиҷаи татбиқи ҳадафи саноатикунонии босуръат шумораи корхонаҳои саноатӣ имрӯз ба беш аз 4 ҳазор расидааст, гуфт раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сармоягузорон ва соҳибкорони ватанӣ.
Вай гуфт, танҳо дар солҳои 2019 – 2025 беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бо зиёда аз 87 ҳазор ҷойи корӣ бунёд карда шудааст.
Раҳбари кишвар аз мақомдорон талаб кард, ки суръат ва сифати саноатикунонӣ боз ҳам баланд бардошта шавад.
“Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз 4054 корхонаи саноатӣ 631 корхона фаъолият накарда, дар 1234 корхонаи амалкунанда афзоиши истеҳсолот таъмин нагардидааст. Ин иқтидорҳои истифоданашуда бояд ба кор дароварда шаванд”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Вай ба роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти маҳалӣ ва соҳибони корхонаҳо дастур дод, ки сабабҳои ҳолати мазкурро дар ҳар як корхона муайян намуда, барои барқарор ё васеъ кардани истеҳсолот чораҳои мушаххас андешанд.
Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки таъсиси корхонаҳои нав на танҳо аз рӯйи шумора, инчунин, аз рӯйи иқтидори истеҳсолӣ, сатҳи технологӣ, ҷойҳои кории доимӣ ва қобилияти рақобат дар бозор бояд арзёбӣ карда шавад.
“Мо бояд коркарди ниҳоии ашёи хоми ватанӣ ва пайвастани корхонаҳои кишварро ба занҷираҳои минтақавию байналмилалии истеҳсол ва савдо вусъат бахшем”, - гуфт кишвардори Тоҷикистон.
Вай илова кард, ки дар ин самт соҳаҳои саноати маъдан, металлургия, сабук ва хӯрокворӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, дорусозӣ ва технологияҳои рақамӣ имконияти зиёд доранд.
Раҳбари Тоҷикистон инчунин таъкид кард, ки корхонаҳои калон бояд ҳамкориро бо истеҳсолкунандагони маҳаллӣ густариш диҳанд ва корхонаҳои хурду миёнаро тавассути хариди ашёи хом, мол ва хизматрасонӣ ба занҷираҳои истеҳсолии худ ҷалб намоянд.