Эҳёи саноат дар Бадахшон: Бунёди наздик ба 200 корхона дар вилоят

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаПредприятие по производству кальцита, обработке мрамора и декоративных камней "Мармар Стоун"
Предприятие по производству кальцита, обработке мрамора и декоративных камней Мармар Стоун - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2026
Обуна шудан
Дар Бадахшон беш аз сад корхона ва коргоҳи хурди саноатӣ фаъолият менамояд
ДУШАНБЕ, 23 авг - Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар панҷ соли охир шумораи корхонаю коргоҳҳои хурди саноатӣ аз 43 ба 191 адад расонида шуд.
Дар ин бора Агентии омори Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ дар панҷ соли ахир д зиёда аз 160 корхона ва коргоҳи нави истеҳсолӣ бунёд карда шуд.
Ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ соли 2025 ба 336,5 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2020 ду маротиба бештар мебошад.
Инчунин барои рушди саноат дар "Барномаи рушди вилоят барои солҳои 2026-2030" ба истифода додани 52 лоиҳа бо маблағи умумии 3368,4 миллион сомонӣ, ки ба истихроҷ ва коркарди масолеҳи маҳаллӣ равона гардидаанд, дар назар дошта шудааст.
Қарор аст,дар вилоят 1500 нафар ба ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд.
Ба иттилои Агентии омор ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар панҷ соли охир ба 336,5 миллион сомонӣ расонида шуд. Гардиши умумии мол аз 151,2 миллион сомонии соли 2020 ба 293,1 миллион сомонӣ расонида шуд, ки ин 1,9 маротиба зиёд мебошад.
Международный инвестиционный форум Памиринвест-2026.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2026
Ҷалби беш 6 млрд сомонӣ сармоя ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар вилоят ба 278,1 миллион доллари амрикоӣ расида, нисбат ба соли 2015 (13,1) 20 маротиба зиёд гардидааст.
Қайд карда шудаст, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тадриҷан ба марҳилаи нави рушди иқтисодӣ ва иштироки фаъол дар равандҳои иқтисодии миллӣ ва байналмилалӣ қадам мегузорад.
Лентаи хабарҳо
0