https://sputnik.tj/20261014/rahmon-moratoriy-sanjishi-subektho-tamdid-1081203269.html
Раҳмон гуфт, мораторий барои санҷиши субъектҳо то соли 2029 тамдид карда мешавад
Раҳмон гуфт, мораторий барои санҷиши субъектҳо то соли 2029 тамдид карда мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон дар мулоқот бо соҳибкорон гуфт, ки мораторий барои санҷиши субъектҳо, ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз, то 1-уми январи соли 2029 тамдид карда мешавад
2026-10-14T16:04+0500
2026-10-14T16:04+0500
2026-10-14T16:04+0500
дар тоҷикистон
раҳмон
сармоягузор
тоҷир
санҷиш
мараторий
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/0e/1081199919_0:165:2047:1316_1920x0_80_0_0_be27cbf3b1a14f3ccf5513abdc5b65c8.jpg
ДУШАНБЕ, 14 окт - Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони кишвар эълон намуд, ки мораторий барои санҷиши субъектҳо, ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз, барои ду соли дигар - то 1-уми январи соли 2029 тамдид карда мешавад.Вай гуфт ин иқдом ба мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкории хурду миёна сурат мегирад.Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки риояи қатъии талаботи мораторий бояд таъмин гардида, ҳама гуна санҷиш, талаб кардани ҳуҷҷатҳои иловагӣ ё даъвати соҳибкор ба мақомоти давлатӣ танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ва бо асосҳои дақиқи ҳуқуқӣ сурат гирад.Ба сохторҳои марбути кишвар супориш дода шуд, ки якҷо бо дигар мақомоти дахлдор мониторинги риояи талаботи мораторий ва тартиби гузаронидани санҷишҳои фаъолияти соҳибкориро мунтазам ба роҳ монад.Вай илова кард, ки барои субъектҳои дигари соҳибкорӣ аз 1-уми январи соли 2027 санҷишҳо танҳо дар асоси қонун ва арзёбии хавф, бо риояи салоҳияти мақомоти санҷиш ва таъмин гардидани асоснокиву шаффофият гузаронида шаванд.Вай аз масъулин даъват кард, ки нисбат ба ҳар як ҳолати дахолати беасос чораҳои қонунӣ андешида, ҷавобгарии шахсони мансабдори гунаҳкор бояд таъмин карда шавад.Ёдовар мешавем, ки бо Фармони Президенти кишвар аз 10-уми январи соли 2025 ба ҳама намудҳои санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз, то 1-уми январи соли 2027 мораторий эълон шуда буд.Ин мораторий, ки дар доираи сиёсати давлатии дастгирии соҳибкорӣ бори панҷум ҷорӣ шудааст, ба пешгирӣ кардани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани муҳити мусоид барои фаъолияти соҳибкорон равона гардидааст.Раҳбари кишвар зимни суханрониаш таъкид кард, ки барои соҳибкории хурду миёна нигоҳ доштани чунин шароит ҷиҳати таҳкими фаъолият, навсозии истеҳсолот ва ҳифзи ҷойҳои корӣ зарур аст.
https://sputnik.tj/20231228/rahmon-khizmat-shoistai-sohibkoron-bahoi-baland-dod-1061097952.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/0e/1081199919_84:0:1903:1364_1920x0_80_0_0_bd32b27b626d2cdc2a69aeec67b8297a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, раҳмон, сармоягузор, тоҷир, санҷиш, мараторий
дар тоҷикистон, раҳмон, сармоягузор, тоҷир, санҷиш, мараторий
Раҳмон гуфт, мораторий барои санҷиши субъектҳо то соли 2029 тамдид карда мешавад
Раҳмон дар мулоқот бо соҳибкорон гуфт, ки мораторий барои санҷиши субъектҳо, ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз, то 1-уми январи соли 2029 тамдид карда мешавад
ДУШАНБЕ, 14 окт - Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони кишвар эълон намуд, ки мораторий барои санҷиши субъектҳо, ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз, барои ду соли дигар - то 1-уми январи соли 2029 тамдид карда мешавад.
Вай гуфт ин иқдом ба мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкории хурду миёна сурат мегирад.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки риояи қатъии талаботи мораторий бояд таъмин гардида, ҳама гуна санҷиш, талаб кардани ҳуҷҷатҳои иловагӣ ё даъвати соҳибкор ба мақомоти давлатӣ танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ва бо асосҳои дақиқи ҳуқуқӣ сурат гирад.
Ба сохторҳои марбути кишвар супориш дода шуд, ки якҷо бо дигар мақомоти дахлдор мониторинги риояи талаботи мораторий ва тартиби гузаронидани санҷишҳои фаъолияти соҳибкориро мунтазам ба роҳ монад.
“Таъкид менамоям, ки ҳифзи фаъолияти қонунии соҳибкорӣ ва пешгирии дахолати беасос вазифаи доимии мақомоти давлатӣ мебошад”, - гуфт ӯ.
Вай илова кард, ки барои субъектҳои дигари соҳибкорӣ аз 1-уми январи соли 2027 санҷишҳо танҳо дар асоси қонун ва арзёбии хавф, бо риояи салоҳияти мақомоти санҷиш ва таъмин гардидани асоснокиву шаффофият гузаронида шаванд.
Вай аз масъулин даъват кард, ки нисбат ба ҳар як ҳолати дахолати беасос чораҳои қонунӣ андешида, ҷавобгарии шахсони мансабдори гунаҳкор бояд таъмин карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки бо Фармони Президенти кишвар аз 10-уми январи соли 2025 ба ҳама намудҳои санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз, то 1-уми январи соли 2027 мораторий эълон шуда буд.
Ин мораторий, ки дар доираи сиёсати давлатии дастгирии соҳибкорӣ бори панҷум ҷорӣ шудааст, ба пешгирӣ кардани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани муҳити мусоид барои фаъолияти соҳибкорон равона гардидааст.
Раҳбари кишвар зимни суханрониаш таъкид кард, ки барои соҳибкории хурду миёна нигоҳ доштани чунин шароит ҷиҳати таҳкими фаъолият, навсозии истеҳсолот ва ҳифзи ҷойҳои корӣ зарур аст.