Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 км роҳҳои мошингард бунёд гардид

© Sputnik / Амир ИсаевНовая эстакада в Душанбе
Новая эстакада в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2026
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон иддао дорад, ки дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
ДУШАНБЕ, 10 сен - Sputnik. Дар даврони истиқлол дар соҳаи роҳу нақлиёт ба маблағи 30 миллиард сомонӣ 63 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ карда шуд.
Дар ин бора ахиран президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар дод.
Вай гуфт дар натиҷа 3200 километр роҳҳои мошингарди дорои аҳаммияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, 254 пул, 43 километр нақби нақлиётӣ ва дигар иншооти мураккаби роҳсозӣ бунёд гардиданд.
Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки ҳамзамон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар мамлакат 220 километр роҳи оҳан бо зерсохтори зарурӣ бунёд ва ба истифода дода шуд, ки иқтидори транзитии кишварро тақвият бахшид.
Реконструкция трассы, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.09.2026
Бунёди ОПЕК барои бозсозии роҳи Рӯшон-Варшез ба Тоҷикистон 30 миллион доллар медиҳад
Ҳамзҳамон қайд карда шуд, ки бо татбиқи лоиҳаҳои бузурги роҳсозӣ нахустин бор дар таърихи давлатдории тоҷикон шабакаи ягонаи нақлиётии кишвар ташаккул ёфта, Тоҷикистон, ки се минтақаи он ҳар сол зиёда аз шаш моҳ аз ҳамдигар ҷудо мемонд, яъне аз кишвари сепорча ба қаламрави воҳид табдил дода шуд.
Лентаи хабарҳо
0