Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

ВАО сирри ғайричашмдошти Созишномаи Путин ва Трампро ошкор кард

© Sputnik / Сергей Бобылев / Гузариш ба медиабонкВстреча президентов России и США на Аляске
Встреча президентов России и США на Аляске - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2026
Обуна шудан
Asia Times: Русия ва ИМА ба зарари манфиатҳои Украина ва Аврупо наздик мешаванд
ДУШАНБЕ, 14 окт - Sputnik. Созишномаи байни президентҳои Русия Ва Иёлоти Муттаҳида Владимир Путин ва Доналд Трамп оид ба таҳвили дизел наздикшавии ду кишварро ба зарари манфиатҳои Украина ва Аврупо нишон медиҳад.
Дар ин бора, Asia Times навиштааст.
"Сар аз оғози низоъ то кунун ҳеҷ гоҳ ИМА бо Маскав ин қадар наздик набуд", - гуфта мешавад дар хабарнома.
Тавре нашрия қайд мекунад, ҷониби Украина дастгирии Вашингтонро аз даст медиҳад: пас аз музокироти ноком дар Майами, Иёлот таҳдид карданд, ки табодули маълумоти иктишофӣ ва интиқоли силоҳро ба Киев қатъ мекунанд, агар зарбаҳо ба корхонаҳои нафтбарории Русия идома ёбад.
Барои Аврупо ин созишнома мушкилоти дукаратаро ба бор овард: он фишорро бар Маскав коҳиш медиҳад, аммо худи кишварҳои аврупоӣ аз сӯзишвории амрикоӣ вобастаанд, ки ба онҳо имкон намедиҳад, ки ба Вашингтон сахт мухолифат кунанд.
Путин ва Трамп рӯзи ҷумъа гуфтугӯи телефонӣ карданд. Пас аз он президенти ИМА дар бораи созишномаи васеъмиқёс дар соҳаи энергетика эълон кард.
Президент США Джо Байден. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Володин: Байден дар Украина режими неонатсистӣ таъсис дод
Маскав, вобаста ба ҳолати корхонаҳои нафтбарории худ, то се миллион тонна сӯзишвории дизелиро ба бозорҳои Амрико ва ҷаҳон интиқол медиҳад. Барои ин Вазорати молияи кишвар аз таҳримҳо хориҷ карда шуд, ки то 7 апрел амал мекунад.
Лентаи хабарҳо
0