https://sputnik.tj/20261014/breshno-pruzhai-kasa-afghoniston-anjom-1081158844.html
“Брешно”: 70 дарсади пружаи КАСА - 1000 дар Афғонистон ба анҷом расидааст
“Брешно”: 70 дарсади пружаи КАСА - 1000 дар Афғонистон ба анҷом расидааст
Sputnik Тоҷикистон
Сухангӯии ширкати барқи Афғонистон (Бршно) аз пешрафти 70 дарсадии корҳои сохтимонии пружаи интиқоли барқ КАСА - 1000 дар ин кишвар хабар дод
2026-10-14T09:31+0500
2026-10-14T09:31+0500
2026-10-14T09:31+0500
дар тоҷикистон
каса/casa -1000
афғонистон
энергетика
барқ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1b/1039793582_0:0:3135:1764_1920x0_80_0_0_a9c4ada1ed018560ad57732dfde93004.jpg
ДУШАНБЕ, 14 окт - Sputnik. Муҳаммадсодиқ Ҳидоят, сухангӯи ширкати “Брешно” эълом кард, ки раванди иҷрои пружаи КАСА - 1000 дар бахшҳои мухталифи Афғонистон бо шитоб идома дорад ва то кунун ба пешрафти физикии 70 дарсадӣ расидааст.Бар пояи ин пружа, Афғонистони мутаъаҳҳид ба дарёфт 300 мегават барқ аз кишварҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон аст.Ин дар ҳолеаст, ки Абдулҳақ Ҳамкор, раиси умумии иҷроия ширкати Брешно, дар нишаст минтақаии КАСА – 1000, ки ахиран дар Бишкек пойтахти Қирғизистон баргузор шуд, зимни таъкид бар рафъи мавонеъи фаннӣ ва таъмини манобеи молии изофӣ, хостори тезондани раванди сохту соз шуд.Мақомоти ширкати “Брешно” ин пружаро гомии калидӣ дар ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва густариши тиҷорати энержӣ дар сатҳ минтақа медонанд.Пружаи КАСА-1000 як ташаббуси бузурги минтақавӣ мебошад, ки ҳадафи он интиқоли барқи изофаи гидроэнергетикӣ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон аст.Афғонистон бо гузаронидани ин хати барқ аз қаламрави худ солона ба ҳисоби миёна тақрибан 70-75 миллион доллар ҳамчун ҳаққи транзитӣ ба даст меорад.Илова бар ҳаққи транзитӣ, Афғонистон метавонад солона то 300 мегаватт нерӯи барқро барои ниёзҳои дохилии худ бихарад ва камбуди шадиди барқро дар қаламрави кишвар коҳиш диҳад.Дар доираи ин пружа "Барномаҳои дастгирии ҷомеаҳои маҳаллӣ" амалӣ мешаванд, ки тавассути онҳо инфрасохтори хурд (мактабҳо, пулҳо ва Марказҳои тиббӣ) дар тақрибан 700 деҳаи 7 вилояти Афғонистон сохта ва беҳтар карда мешавад.Пружа бори аввал бозори барқи кишварҳои Осиёи Марказӣ (Тоҷикистон ва Қирғизистон) ва Осиёи Ҷанубӣ (Покистон)-ро тавассути қаламрави Афғонистон ба ҳам мепайвандад.
https://sputnik.tj/20260716/tojikiston-qirghiziston-hamkori-energetiki-casa-1079005557.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1b/1039793582_196:0:2927:2048_1920x0_80_0_0_1c07bf4ecbc2c6a4d0d8f4bcb3a9f7c6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, каса/casa -1000, афғонистон, энергетика, барқ
дар тоҷикистон, каса/casa -1000, афғонистон, энергетика, барқ
“Брешно”: 70 дарсади пружаи КАСА - 1000 дар Афғонистон ба анҷом расидааст
Сухангӯии ширкати барқи Афғонистон (Брешно) аз пешрафти 70 дарсадии корҳои сохтимонии пружаи интиқоли барқ КАСА - 1000 дар ин кишвар хабар дод
ДУШАНБЕ, 14 окт - Sputnik. Муҳаммадсодиқ Ҳидоят, сухангӯи ширкати “Брешно” эълом кард, ки раванди иҷрои пружаи КАСА - 1000 дар бахшҳои мухталифи Афғонистон бо шитоб идома дорад ва то кунун ба пешрафти физикии 70 дарсадӣ расидааст.
Бар пояи ин пружа, Афғонистони мутаъаҳҳид ба дарёфт 300 мегават барқ аз кишварҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон аст.
Ин дар ҳолеаст, ки Абдулҳақ Ҳамкор, раиси умумии иҷроия ширкати Брешно, дар нишаст минтақаии КАСА – 1000, ки ахиран дар Бишкек пойтахти Қирғизистон баргузор шуд, зимни таъкид бар рафъи мавонеъи фаннӣ ва таъмини манобеи молии изофӣ, хостори тезондани раванди сохту соз шуд.
Мақомоти ширкати “Брешно” ин пружаро гомии калидӣ дар ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва густариши тиҷорати энержӣ дар сатҳ минтақа медонанд.
Пружаи КАСА-1000 як ташаббуси бузурги минтақавӣ мебошад, ки ҳадафи он интиқоли барқи изофаи гидроэнергетикӣ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон аст.
Афғонистон бо гузаронидани ин хати барқ аз қаламрави худ солона ба ҳисоби миёна тақрибан 70-75 миллион доллар ҳамчун ҳаққи транзитӣ ба даст меорад.
Илова бар ҳаққи транзитӣ, Афғонистон метавонад солона то 300 мегаватт нерӯи барқро барои ниёзҳои дохилии худ бихарад ва камбуди шадиди барқро дар қаламрави кишвар коҳиш диҳад.
Дар доираи ин пружа "Барномаҳои дастгирии ҷомеаҳои маҳаллӣ" амалӣ мешаванд, ки тавассути онҳо инфрасохтори хурд (мактабҳо, пулҳо ва Марказҳои тиббӣ) дар тақрибан 700 деҳаи 7 вилояти Афғонистон сохта ва беҳтар карда мешавад.
Пружа бори аввал бозори барқи кишварҳои Осиёи Марказӣ (Тоҷикистон ва Қирғизистон) ва Осиёи Ҷанубӣ (Покистон)-ро тавассути қаламрави Афғонистон ба ҳам мепайвандад.