https://sputnik.tj/20260716/tojikiston-qirghiziston-hamkori-energetiki-casa-1079005557.html
Тоҷикистону Қирғизистон ҳамкориҳои энергетикӣ ва лоиҳаи CASA-1000-ро баррасӣ карданд
Тоҷикистону Қирғизистон ҳамкориҳои энергетикӣ ва лоиҳаи CASA-1000-ро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Вазирони энергетикаи Тоҷикистону Қирғизистон сатҳи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд
2026-07-16T12:41+0500
2026-07-16T12:41+0500
2026-07-16T12:41+0500
дар тоҷикистон
каса/casa -1000
энергетика
қирғизистон
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102896/62/1028966202_0:158:3081:1891_1920x0_80_0_0_23fb7fb2ff8b29e8eae97d24b20f8230.jpg
ДУШАНБЕ, 16 июл - Sputnik. Вазирони энергетикаи Тоҷикистону Қирғизистон Далер Ҷумъа ва Алтинбек Рисбеков дар гуфтугӯи маҷозӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахши энергетика баррасӣ карданд.Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, тарафҳо дар бораи лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи "CASA-1000", табодули таҷрибаи мутахассисон, истифодаи таҷрибаи Тоҷикистон дар бунёди неругоҳҳои барқи обӣ ва дигар масъалаҳои соҳавӣ табодули афкор намуданд.Вазорат қайд кард, ки ҷонибҳо манфиатдори худро барои тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ ва таҳияи ташаббусҳои муштарак дар бахши энергетика тасдиқ карданд.Ахиран вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа гуфт, ки айни замон аз чор давлати аъзои лоиҳа "CASA-1000" дар сетои он –Қирғизистон, Тоҷикистон ва Покистон корҳои сохтмонӣ пурра ба анҷом расидаааст ва корҳо дар Афғонистон бо суръати баланд ба роҳ монда шуда истодаанд.Вай гуфт, ҳоло зиёда аз 60% корҳо дар Афғонистон ба анҷом расидааст ва дар назар аст, ки корҳои боқимонда дар ин кишвар дар нимаи аввали соли 2027 ба анҷомрасад.Вай илова кард, ки қарор аст, тарҳ соли оянда пурра фаъолияти худро оғоз мекунад.Лоиҳаи CASA-1000- ин бузургтарин лоиҳаи энергетикии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ (Central Asia – South Asia (CASA)) мебошад. Лоиҳа сохтмони хати баландшиддати интиқоли нерӯи барқро дар бар мегирад, ки дар натиҷаи ба итмом расидани сохтмони хати мазкур низоми энергетикии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистонро пайваст менамояд. Пурра амалӣ гардидани лоиҳа барои кишварҳо ҷиҳати ташкил намудани бозори ягона ва савдои солона имкон фароҳам менамояд. Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон метавонанд ба кишварҳои Осиёи Ҷануби неруи барқи барзиёд истеҳсолшавандаи худро дар ҳаҷми 1300 мегаватт содир намоянд.
https://sputnik.tj/20260710/daler-juma-afghoniston-kasa-anjom-1078907753.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102896/62/1028966202_175:0:2906:2048_1920x0_80_0_0_92de170f045f387853086960ae4b1d9b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, каса/casa -1000, энергетика, қирғизистон, ҳамкорӣ
дар тоҷикистон, каса/casa -1000, энергетика, қирғизистон, ҳамкорӣ
Тоҷикистону Қирғизистон ҳамкориҳои энергетикӣ ва лоиҳаи CASA-1000-ро баррасӣ карданд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистону Қирғизистон сатҳи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд
ДУШАНБЕ, 16 июл - Sputnik. Вазирони энергетикаи Тоҷикистону Қирғизистон Далер Ҷумъа ва Алтинбек Рисбеков дар гуфтугӯи маҷозӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахши энергетика баррасӣ карданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, тарафҳо дар бораи лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи "CASA-1000", табодули таҷрибаи мутахассисон, истифодаи таҷрибаи Тоҷикистон дар бунёди неругоҳҳои барқи обӣ ва дигар масъалаҳои соҳавӣ табодули афкор намуданд.
Вазорат қайд кард, ки ҷонибҳо манфиатдори худро барои тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ ва таҳияи ташаббусҳои муштарак дар бахши энергетика тасдиқ карданд.
Ахиран вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа гуфт, ки айни замон аз чор давлати аъзои лоиҳа "CASA-1000" дар сетои он –Қирғизистон, Тоҷикистон ва Покистон корҳои сохтмонӣ пурра ба анҷом расидаааст ва корҳо дар Афғонистон бо суръати баланд ба роҳ монда шуда истодаанд.
Вай гуфт, ҳоло зиёда аз 60% корҳо дар Афғонистон ба анҷом расидааст ва дар назар аст, ки корҳои боқимонда дар ин кишвар дар нимаи аввали соли 2027 ба анҷомрасад.
Вай илова кард, ки қарор аст, тарҳ соли оянда пурра фаъолияти худро оғоз мекунад.
Лоиҳаи CASA-1000- ин бузургтарин лоиҳаи энергетикии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ (Central Asia – South Asia (CASA)) мебошад. Лоиҳа сохтмони хати баландшиддати интиқоли нерӯи барқро дар бар мегирад, ки дар натиҷаи ба итмом расидани сохтмони хати мазкур низоми энергетикии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистонро пайваст менамояд. Пурра амалӣ гардидани лоиҳа барои кишварҳо ҷиҳати ташкил намудани бозори ягона ва савдои солона имкон фароҳам менамояд. Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон метавонанд ба кишварҳои Осиёи Ҷануби неруи барқи барзиёд истеҳсолшавандаи худро дар ҳаҷми 1300 мегаватт содир намоянд.