Аз пахта то пӯлод: Тоҷикистон мехоҳад лоиҳаҳои саноатиро дар доираи CҲИ аз нав оғоз кунад

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаПредприятие по производству полипропиленовых мешков, печатных плат и диодных ламп ООО "Гаюр гурух" в городе Душанбе
Предприятие по производству полипропиленовых мешков, печатных плат и диодных ламп ООО Гаюр гурух в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.10.2026
Обуна шудан
Эксклюзив
Тоҷикистон ба тақвияти ҳамкории саноатии минтақавӣ ва рушди ҳамкории истеҳсолӣ бо кишварҳои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ манфиатдор аст
ДУШАНБЕ, 1 окт - Sputnik. Дар ин бора муовини вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Азиз Назар ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Ӯ изҳор дошт, ки имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон дар ҷаласаи 4-уми роҳбарони вазоратҳои саноат ва тиҷорати СҲИ, ки дар Душанбе баргузор шуд, муаррифӣ шуданд.
Дар ин рӯйдод, намояндагони кишварҳои узви СҲИ, вазоратхонаҳои марбута, созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои молӣ ва маҳофили тиҷорӣ ширкат карданд.
Дар ин мулоқот вазирони саноат татбиқи технологияҳои рақамӣ ва сабз, дастгирии тиҷорати хурду миёна, ҷалби сармоягузорӣ ва навсозии корхонаҳои саноатиро баррасӣ карданд.
"Таваҷҷуҳи вижае ба эҷоди ширкатҳои муштарак ва хӯшаҳои саноатӣ, тавсеаи иртибототи транспортӣ ва лужистикӣ, ба коргирии роҳҳалҳои навоварона, автоматсозии тавлид, омӯзиши кадрҳои мутахассис ва густариши мушорикати бахши хусусӣ дар иҷрои пружаҳои муштарак маътуф шуд,", - гуфт муовини вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ.
Вай афзуд, ки дар ин нишаст, ширкаткунандагон бо зарфиятҳои саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ошно шуданд ва фурсатҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои истихроҷи маъодин, металургия, мошинсозӣ, саноеи кимиёвӣ, нассоҷӣ, дорусозӣ ва коркарди маҳсулоти зироатӣ ироа шуд.
“Мо дар ин арсаҳо мехоҳем сармоя ва фановариҳои кишварҳои узвро ҷалб кунем ва тавлиди маҳсулотро барои таъмини ниёзҳои дохилӣ ва содирот ба кишварҳои узв ва ҳамчунин соири кишварҳо афзоиш диҳем,” - гуфт Азиз Назар.
Вай бо ишора ба зарфиятҳои ҳамкорӣ дар саноати нассоҷӣ гуфт, ки Тоҷикистон солона байни 400 то 450 ҳазор тон панба тавлид мекунад, ки ҳудуди 30 дарсади он дар дохили кишвар ба маҳсулоти дорои арзиши афзуда табдил меёбад. Ба гуфтаи ӯ, бартарии Тоҷикистон дар қиёс ба дигар кишварҳо ин аст, ки маҳсулоти саноатии ин кишвар бо истифода аз “энержии сабз” тавлид мешаванд.
“Ин бад-он маъност, ки маҳсулоти нассоҷӣ ва анвоъи дигари маҳсулот, дар сурати мутобиқат бо меъёрҳои ҷаҳонӣ, метавонанд ба осонӣ ва озодона ба бозори кишварҳои аврупоӣ ва дигар кишварҳое, ки барномаҳои давлатӣ барои коҳиши тавлиди маҳсулоти мубтанӣ бар нафту газ доранд, содир шаванд. Озод, яъне бидуни пардохти таърифаҳои ҷудогона,” – гуфт Азиз Назар.
Предприятие по производству кальцита, обработке мрамора и декоративных камней Мармар Стоун - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2026
Эҳёи саноат дар Бадахшон: Бунёди наздик ба 200 корхона дар вилоят
Ӯ ҳамчунин аз саноеи ғизоӣ ё тавлиди маҳсулоти пок аз лиҳози муҳити зистӣ ва истихроҷи ангишт ба унвони намунаҳои дигаре ёд кард, ки Тоҷикистон дар онҳо аз зарфиятҳои камназире бархӯрдор аст. Ба унвони мисол, захоири шинохташудаи ангишти кишвар 4,6 миллиард тон тасбит шудааст, дар ҳоле ки солона танҳо 2,8 миллион тон аз он истихроҷ мешавад.
“Ангишт барои саноеи сангин, ба вижа коркарди оҳан, аҳамияти калидӣ дорад. Тақозо барои он ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ афзоиш ёфтааст," - гуфт муовини вазири саноат.
Бар асоси иттилооти расмӣ, Тоҷикистон соли гузашта ҳудуди 360 ҳазор тон ангишт ба Ӯзбекистон содир кард ва дар соли 2023 низ ҳудуди 380 тон ангишт ба Покистон содир карда буд.
Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ, яъне чӣ?
Ҷиҳати аслии фаъолияти СҲИ дар оғоз, тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ ва транспортӣ миёни кишварҳои узв буд, аммо акнун Беҳзод Собирӣ, муовини Дабири кулли Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ, ба Спутник Тоҷикистон мегӯяд, ки ин ҳамкориҳо ба ҳавзаҳои ғайрииқтисодӣ, аз ҷумла амниятӣ, судӣ ва фарҳангӣ низ густариш ёфтааст.
“Имрӯз, илова бар ҳавзаҳои тиҷорат ва транспорт, кишварҳои узви созмон дар заминаҳои қазоӣ, додситонӣ, пулисӣ, иттилоотӣ, гардишгарӣ ва ғайра низ ҳамкорӣ мекунанд. Чандин созмони тахассусии вобаста ба СҲИ эҷод шудаанд, ки аз ҷумлаи онҳо ECO-RISCAM ё Институти минтақаии стандартсозӣ, арзёбии интибоқ, эътибордиҳӣ ва метрологияи Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ СҲИ аст, ки ба тозагӣ таъсис шудааст," - гуфт Беҳзод Собирӣ.
Вай афзуд, ки пешниҳодҳое, ки Тоҷикистон дар заминаи ҳамкориҳои саноатӣ ба дигар аъзои созмон ироа кардааст, бисёр қобили таваҷҷуҳанд ва аз сӯи созмон ва аъзои он мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Сбор урожая хлопка в Согдийской области.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2026
Мақомоти Суғд дар бораи рафти ҷамъоварии пахта гуфтанд: 90% дастӣ чида мешавад
"Талоши созмон низ бар ин аст, ки зарфиятҳои як кишвари узв, дар ҳамкорӣ бо дигар аъзо ва ба нафъи ҳама мавриди истифода қарор гирад. Ин ки кишварҳо равобити дуҷонибаи худро доранд, масири ҷудогонаи худро тай мекунад ва мусоидатҳои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ин равобитро такмил мекунад.", гуфт муовини Дабири кулли Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ.
Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО) як созмони минтақаии байнидавлатӣ аст, ки нахуст дар соли 1964, дар буҳбуҳаи "Ҷанги сард", тавассути Эрон, Туркия ва Покистон бо номи Созмони Ҳамкории Минтақаӣ барои Тавсеа (RCD) таъсис шуд, аммо бо вуқӯи Инқилоби исломӣ дар Эрон дар соли 1979, фаъолияти худро ба ҳолати таълиқ даровард.
Аммо дар соли 1985, ин созмон бо номи имрӯзаи худ ва бо узвияти ҳамон се кишвар дубора таъсис шуд ва дар соли 1992, пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, бо пайвастани шаш кишвари собиқи ин иттиҳод — Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон — ва ҳамчунин Афғонистон (давлати Бурҳонуддин Раббонӣ), такмил ва густариш ёфт.
Лентаи хабарҳо
0