Тиҷорати маҳсулоти кишоварзӣ миёни Русия ва кишварҳои ИИАО беш аз 20% афзоиш ёфт

© Sputnik / Алексей Майшев / Гузариш ба медиабонкСбор урожая пшеницы в Запорожской области.
Сбор урожая пшеницы в Запорожской области. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2026
Обуна шудан
Гардиши мол байни Русия ва кишварҳои ИИАО дар соли 2025 беш аз 20% афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 13 окт - Sputnik. Дар ҳошияи Намоишгоҳи 28-уми агросаноатии Русия "Тирамоҳи тиллоӣ" мизи мудаввар таҳти унвони "Ҳамкорӣ дар ИИАО: Аз лоиҳаҳои муштарак то рушди самараноки бахши кишоварзӣ" баргузор гардид.
Дар он Гоар Барсегян, узви ҳайати (вазири) саноат ва комплекси агросаноатии Комиссияи иқтисодии АвруОсиё (КИАО), Максим Маркович, муовини вазири кишоварзии Русия ва намояндагони корхонаҳо ва иттиҳодияҳои саноатӣ иштирок карданд.
Максим Маркович хабар дод, ки гардиши мол байни Русия ва кишварҳои ИИАО дар соли 2025 беш аз 20% афзоиш ёфтааст.
Вай гуфт, афзоиши назаррас дар бахши кишоварзӣ ба қайд гирифта шудааст. Вай илова кард, ки ин тамоюли мусбат имсол низ идома ёфт.
"Масалан, аз январ то июли соли ҷорӣ ҳаҷми тиҷорат нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 19% афзоиш ёфт”, гуфт ӯ.
Аз ҷумлаи самтҳои умедбахши ҳамкорӣ, муовини вазир парвариши растаниҳо ва тухмӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии чорво ва истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши иловашудаи баландро қайд кард.
Председатель правительства РФ Михаил Мишустин. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2026
Ҳиссаи асъори миллӣ дар додугирифти кишварҳои ИИАО ба 95% расидааст
Ин афзалиятҳо бо ҳадафҳои рушди комплекси агросаноатии кишварҳои Иттиҳод мувофиқ буда, заминаи татбиқи лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ хоҳанд буд.
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – ташкилоти байналмилалии иқтисодӣ буда, барои босамар пешравии ҷараёни иттифоқи гумрукӣ ва минтақаи озоди иқтисодӣ ва боз барои иҷрокунии дигар мақсадҳо ва вазифаҳое ки бо ҷараёни интегратсиони дар соҳаи иқтисодӣ ва башардӯстона вобаста мебошанд, таъсис шудааст.
Лентаи хабарҳо
0