https://sputnik.tj/20261009/asorhoi-milli-dodugirifti-kishvarhoi-iiao-1081063625.html
Ҳиссаи асъори миллӣ дар додугирифти кишварҳои ИИАО ба 95% расидааст
Ҳиссаи асъори миллӣ дар додугирифти кишварҳои ИИАО ба 95% расидааст
Sputnik Тоҷикистон
Сарвазири Русия ахиран гуфт, ки ҳиссаи асъорҳои миллӣ дар додугирифти кишварҳи узви ИИАО қариб 95 фоизро ташкил додааст
2026-10-09T14:43+0500
2026-10-09T14:43+0500
2026-10-09T14:43+0500
ииао
авруосиё
ҳамкорӣ
иқтисод
михаил мишустин
додугирифт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/09/1081068121_0:57:3015:1753_1920x0_80_0_0_3a0bfd926b883f94c7c3d9bcee8af1e1.jpg
ДУШАНБЕ, 9 окт - Sputnik. Сарвазири Русия Михаил Мишустин эълон кард, ки қариб 95% додугирифт барои молҳо дар кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё бо асъори миллӣ анҷом дода мешаванд."Мо истифодаи асъорҳои миллиро васеъ мекунем. Ҳиссаи онҳо дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила барои молҳо қариб 95% расидааст ", - гуфт ӯ дар ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии АвруОсиё дар Минск.Ин натиҷаи хеле назаррас аст, - гуфт сарвазир.Вай кард, ки кишварҳои узв тиҷорати мутақобиларо фаъолона афзоиш медиҳанд. Дар нимсолаи аввали сол афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 10%-ро ташкил дод.Умуман, иқтисоди Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дар ин давра беш аз як фоиз афзоиш ёфтааст, ки ин аз ҳисоби афзоиши истеҳсоли саноатӣ ва кишоварзӣ ва савдои чакана ба вуҷуд омадааст. Мишустин таъкид кард, ки нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ сарфи назар аз мушкилоти беруна суръати хуби рушд нишон медиҳанд.Раиси ҳукумати Русия инчунин самтҳоеро қайд кард, ки кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё бояд дар онҳо талошҳои муштараки худро равона кунанд.Ба гуфтаи Мишустин, кишварҳои ИИАО айни замон 93 фоизи ниёзи худро бо маҳсулоти асосии ғизоӣ таъмин мекунанд.
https://sputnik.tj/20261008/lavrov-rusiya-turkmaniston-peshnihod-munosibat-iiao-taqviyat-1081030486.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/09/1081068121_141:0:2752:1958_1920x0_80_0_0_e3c3d5936617d0be9799345a17ebd322.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, авруосиё, ҳамкорӣ, иқтисод, михаил мишустин, додугирифт
ииао, авруосиё, ҳамкорӣ, иқтисод, михаил мишустин, додугирифт
Ҳиссаи асъори миллӣ дар додугирифти кишварҳои ИИАО ба 95% расидааст
Сарвазири Русия ахиран гуфт, ки ҳиссаи асъори миллӣ дар додугирифти кишварҳи узви ИИАО қариб 95 фоизро ташкил додааст
ДУШАНБЕ, 9 окт - Sputnik. Сарвазири Русия Михаил Мишустин эълон кард, ки қариб 95% додугирифт барои молҳо дар кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё бо асъори миллӣ анҷом дода мешаванд.
"Мо истифодаи асъорҳои миллиро васеъ мекунем. Ҳиссаи онҳо дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила барои молҳо қариб 95% расидааст ", - гуфт ӯ дар ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии АвруОсиё дар Минск.
Ин натиҷаи хеле назаррас аст, - гуфт сарвазир.
Вай кард, ки кишварҳои узв тиҷорати мутақобиларо фаъолона афзоиш медиҳанд. Дар нимсолаи аввали сол афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 10%-ро ташкил дод.
Умуман, иқтисоди Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дар ин давра беш аз як фоиз афзоиш ёфтааст, ки ин аз ҳисоби афзоиши истеҳсоли саноатӣ ва кишоварзӣ ва савдои чакана ба вуҷуд омадааст. Мишустин таъкид кард, ки нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ сарфи назар аз мушкилоти беруна суръати хуби рушд нишон медиҳанд.
Раиси ҳукумати Русия инчунин самтҳоеро қайд кард, ки кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё бояд дар онҳо талошҳои муштараки худро равона кунанд.
Ба гуфтаи Мишустин, кишварҳои ИИАО айни замон 93 фоизи ниёзи худро бо маҳсулоти асосии ғизоӣ таъмин мекунанд.