https://sputnik.tj/20261013/rusiya-muzokirot-ukraina-qavitar-1081156572.html
Чаро Русия дар музокирот бо Украина қавитар аст: Посухи коршинос
Чаро Русия дар музокирот бо Украина қавитар аст: Посухи коршинос
Sputnik Тоҷикистон
Сезгин: Русия дар музокирот дар Украина бо шарофати амалиёти артиши русия қавӣ аст
2026-10-13T13:48+0500
2026-10-13T13:48+0500
2026-10-13T13:48+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
русия
украина
музокирот
амалиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/19/1079911490_0:0:3067:1725_1920x0_80_0_0_bc2b554e3b3a1bda64eabb78b49ce893.jpg
ДУШАНБЕ, 13 окт - Sputnik. Русия дар муҳокимаи ташаббусҳои ҳалли низоъ дар Украина ба шарофати амалиёти артиши Русия, ки вазифаҳои гузоштаи сарфармондеҳи олиро бомуваффақият иҷро мекунад, мавқеи қавӣ дорад.Дар ин бора, роҳбари Маркази туркӣ оид ба омӯзиши бӯҳронҳо дар Аврупо Ниҷат Сезгин ба РИА Новости гуфт.Русия ба муколама дар бораи сулҳ бо Украина омода аст, аммо танҳо дар асоси воқеият дар рӯи замин, гуфт президенти Русия Владимир Путин авохири моҳи сентябр.Таҳлилгар тахмин мезанад, ки амалиёти нерӯҳои мусаллаҳи Русия на танҳо барои вазъи майдони ҷанг, балки барои вазъи Маскав дар раванди муҳокимаи роҳҳои эҳтимолии ҳалли масъала низ аҳамият дорад.Сезгин инчунин қайд кард, ки муҳокимаи ташаббусҳо дар Украина бояд бо назардошти вазъи кунунӣ ва вазъи тарафҳо баррасӣ карда шавад."Натиҷаҳои низомӣ яке аз омилҳое мебошанд, ки ба шароити баррасии пешниҳодҳои дипломатӣ таъсир мерасонанд. Ва дар ин ҷо бартарии артиши Русия аст", - таъкид кард таҳлилгар.Барои Маскав муҳим аст, ки аз ҷониби режими Киев касе иродаи сиёсиро барои эътирофи воқеиятҳои дар рӯи замин ба вуҷуд омада ва ба ҳалли сулҳ расидан, нишон диҳад, гуфт сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков.Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти махсуси низомӣ анҷом медиҳад.Президенти Русия Владимир Путин рисолати худро "ҳимояи одамоне, ки ҳашт сол боз аз ҷониби режими Киев мавриди таҳқир ва генотсид қарор гирифтаанд" тавсиф кардааст.Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии амалиёт, озод кардани Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
https://sputnik.tj/20261002/peskov-rusiya-muzokirot-hamesha-boz-1080896040.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/19/1079911490_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_738d6282bca9db675896dd1e75091f20.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, украина, музокирот, амалиёт
русия, украина, музокирот, амалиёт
Чаро Русия дар музокирот бо Украина қавитар аст: Посухи коршинос
Сезгин: Русия дар музокирот бо Украина ба шарофати амалиёти артиши Русия қавитар аст
ДУШАНБЕ, 13 окт - Sputnik. Русия дар муҳокимаи ташаббусҳои ҳалли низоъ дар Украина ба шарофати амалиёти артиши Русия, ки вазифаҳои гузоштаи сарфармондеҳи олиро бомуваффақият иҷро мекунад, мавқеи қавӣ дорад.
Дар ин бора, роҳбари Маркази туркӣ оид ба омӯзиши бӯҳронҳо дар Аврупо Ниҷат Сезгин ба РИА Новости гуфт.
Русия ба муколама дар бораи сулҳ бо Украина омода аст, аммо танҳо дар асоси воқеият дар рӯи замин, гуфт президенти Русия Владимир Путин авохири моҳи сентябр.
"Русия ҳангоми муҳокимаи ташаббусҳо дар Украина аз мавқеи қавӣ баромад мекунад, зеро артиши Русия вазифаҳои сарфармондеҳи олиро хуб иҷро мекунад", — изҳор дошт Сезгин.
Таҳлилгар тахмин мезанад, ки амалиёти нерӯҳои мусаллаҳи Русия на танҳо барои вазъи майдони ҷанг, балки барои вазъи Маскав дар раванди муҳокимаи роҳҳои эҳтимолии ҳалли масъала низ аҳамият дорад.
Сезгин инчунин қайд кард, ки муҳокимаи ташаббусҳо дар Украина бояд бо назардошти вазъи кунунӣ ва вазъи тарафҳо баррасӣ карда шавад.
"Натиҷаҳои низомӣ яке аз омилҳое мебошанд, ки ба шароити баррасии пешниҳодҳои дипломатӣ таъсир мерасонанд. Ва дар ин ҷо бартарии артиши Русия аст", - таъкид кард таҳлилгар.
Барои Маскав муҳим аст, ки аз ҷониби режими Киев касе иродаи сиёсиро барои эътирофи воқеиятҳои дар рӯи замин ба вуҷуд омада ва ба ҳалли сулҳ расидан, нишон диҳад, гуфт сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков.
Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти махсуси низомӣ анҷом медиҳад.
Президенти Русия Владимир Путин рисолати худро "ҳимояи одамоне, ки ҳашт сол боз аз ҷониби режими Киев мавриди таҳқир ва генотсид қарор гирифтаанд" тавсиф кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии амалиёт, озод кардани Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.