Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Песков: Русия барои музокирот ҳамеша боз аст

© Sputnik / Кристина Соловьёва / Гузариш ба медиабонкПресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков.
Пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.10.2026
Обуна шудан
Сухангӯи расиҷумҳури Русия бори дигар таъкид кард, ки кишвараш ҳамеша барои музокирот дар бораи Украина боз аст
ДУШАНБЕ, 2 окт - Sputnik. Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия изҳор дошт, ки Русия ҳамеша барои музокирот дар бораи ҳалли низоъ дар Украина боз аст.
"Ҷониби Русия ҳамеша барои музокирот боз аст, аммо вазъияти марбут ба Баҳри Сиёҳ махсус аст", - гуфт Песков ба хабарнигорон.
Вай илова кард, ки Русия амалиёти вижаи низомии худро идома медиҳад.
Оқои Песков, изҳор дошт, ки барои Маскав қатъ кардани пурраи таъминоти лавозимоти ҷангӣ ва сӯзишворӣ ба Украина дар Баҳри Сиёҳ муҳим аст.
"Мо амалиёти вижаи низомии худро идома медиҳем. Барои мо қатъ кардани пурраи таъминоти таҷҳизоти ҳарбӣ тавассути баҳр, лавозимоти ҷангӣ ва сӯзишворӣ ба Украина барои Қувваҳои Мусаллаҳи Украина, ки айни замон идома дорад ва идома хоҳад ёфт, муҳим аст", - гуфт Песков ба хабарнигорон.
Путин: Русия омода аст, ки музокиротро дар бораи Украина бо шартҳои мувофиқ оғоз намояд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.10.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Путин: Русия омода аст, ки музокиротро дар бораи Украина бо шартҳои мувофиқ оғоз намояд
Сухангӯи расиҷумҳури Русия ҳамчунин таъкид кард, ки режими Киев майл ба созишҳои ҳамаҷониба нишон намедиҳад, аммо мехоҳад дар як бахш оташбас шавад, ки ин онҳоро ба созиши сулҳомез наздик намекунад.
"Режими Киев майл ба ҳеҷ як созишномаи фарогир нишон намедиҳад. Баъзе созишномаҳои пароканда қодир нестанд, ки моро ба танзими сулҳомез наздик кунанд. Созишномаҳо метавонанд танҳо ҳамаҷониба бошанд", гуфт ӯ.
Қаблан президенти Русия Владимир Путин изҳор дошт, ки Русия хоҳиши гуфтушунидро аз ҷониби Украина намебинад.
Лентаи хабарҳо
0