Дар Хуҷанд боз як боғи фарҳангӣ-фароғатӣ сохта мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевГород Худжанд.
Город Худжанд.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2026
Обуна шудан
Боғи нав ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, классики бузурги адабиёти тоҷику форс, муаллифи "Шоҳнома"-и безавол номгузорӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 13 окт - Sputnik. Дар шимолу ғарби шаҳри Хуҷанд боғи фарҳангӣ-фароғатии нав бунёд мегардад. Сохтмони боғ дар соҳили рости дарёи Сир идома дорад ва масоҳати 9,4 гектарро фаро мегирад, хабар доданд ба Sputnik Тоҷикистон аз хадамоти матбуотии маъмурияти шаҳр.
Тарҳи боғ амфитеатр барои 700 тамошобин, чойхонаи анъанавӣ, як қатор фаввораҳо ва гулзорҳо, аттраксионҳо ва майдончаи бозии кӯдакона ва мағозаву қаҳвахонаҳои сершуморро дар бар мегирад.
Ғайр аз ин, ғурфаҳо бо маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ бунёд мегарданд.
Дар шаҳрдорӣ қайд карданд, ки хусусияти фарқкунандаи боғи нав деворҳои он хоҳад буд. Сухан дар бораи ҳафт девор бо порачинии (мозаикаҳои) қадимӣ ва муосир меравад, ки аз беназирӣ ва зебоии санъати тоҷик шаҳодат медиҳанд. Гарчанде ки минтақаи фароғатӣ дар маҳаллаҳои 7-8-и канори шаҳр ҷойгир аст, он аз ҷиҳати логистикӣ хеле қулай аст. То боғи истироҳатӣ роҳҳои чорхатта мошингард вуҷуд доарад ва шумораи зиёди микроавтобусҳо ба мизоҷон хизмат мерасонанд.
Открытие историко-культурного комплекса  Калаи Худжанд” после ремонта и реконструкции  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2026
Хуҷанд: 2500 соли бузургӣ дар чорроҳаи Роҳи бузурги абрешим
Мақомоти Хуҷанд нақша доранд, ки ба зудӣ хатсайрҳои нави автобусҳои шаҳриро тавассути кӯчаи аллакай таъмиршудаи Рифат Ҳоҷиев роҳандозӣ кунанд. Дар наздикии боғ таваққуфгоҳи мошинҳо низ сохта мешавад.
Лентаи хабарҳо
0