Ифтитоҳи ду нерӯгоҳи бодиву офтобӣ дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкВетряная электростанция. Иллюстративное фото
Ветряная электростанция. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2026
Обуна шудан
Иқтидори энергетикии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ифтитоҳи ду иншооти муҳими энергетикӣ ба таври назаррас афзоиш ёфт
ДУШАНБЕ, 28 сен - Sputnik. Дар деҳаи Тохтамиши деҳоти Қизилработи ноҳияи Мурғоб ду неругоҳи таҷрибавии бодӣ бо иқтидори умумии 200 киловатт неруи барқ ба истифода дода шуд.
Ин ду иншооти энергетики ахиран аз тарафи президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ, ба таври фосилавӣ ба истифода дода шуд, иттилоъ додааст Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвр.
Ба иттилои манбаъ, ин ду иншооти энергетиикӣ барои бахши энергетикаи кишвар муҳим арзёбӣ шудааст.
Қайд карда шудааст, ки неругоҳҳои таҷрибавии бодӣ дар доираи ҳамкории Тоҷикистон бо шарикони рушд бунёд гардидаанд.
Дар баробари неругоҳҳои бодӣ, дар ҳамин мавзеъ дар майдони беш аз як гектар панелҳои офтобӣ низ насб гардидаанд.
Солнечная электростанция. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2026
Дар Суғд нерӯгоҳи бузурги офтобӣ ба кор даромад: 40%-и минтақаро бо барқ таъмин мекунад
“Иқтидори умумии онҳо 1138 киловаттро ташкил дода, иқтидори захираи энергия дар батареяҳо ба 590 киловатт-соат мерасад. Ин маҷмуаи энергетикӣ имкон медиҳад, ки 145 хоҷагӣ дар тамоми фасли сол бо неруи барқ таъмин карда шавад”, - қайд кардааст Хадамоти матбуоти президенти кишвар.
Зимни ифтитоҳи иншоот гуфта шуд, ки чунин иншооти энергетикӣ дар самти беҳдошти шароити зиндагии сокинон ва рушди ҳамаҷонибаи инфрасохтори деҳот заминаи мусоид фароҳам меорад.
Лентаи хабарҳо
0