Дар Тоҷикистон ба масъулин дастдарозӣ ба маоши муаллимонро манъ карданд

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаДети на уроке в школе в Согдийской области.
Дети на уроке в школе в Согдийской области. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2026
Обуна шудан
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон дастури манъи мудохила дар кор ва дастдарозӣ ба маоши омӯзгоронро содир кард
ДУШАНБЕ, 12 окт – Sputnik. Вазири маориф ва илми Тоҷикистон, Раҳим Саидзода, санадеро имзо кард, ки ба идораҳои маҳаллии маориф дахолат ба фаъолияти омӯзгорон ва идоракунии маоши онҳоро манъ мекунад.
Бар бунёди санаде, ки дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор гирифтааст, ба раисони сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, раисони раёсатҳо ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳрҳо ва навоҳии кишвар дастур дода шудааст, ки ба манзури иҷрои аҳкоми банди 2-и моддаи 11-и Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи мақоми омӯзгор", аз мудохила дар кор ва маоши омӯзгорон худдорӣ кунанд.
“Омӯзгоронро ба корҳо ва фаъолиятҳое, ки ба раванди таълиму тарбия иртибот надоранд, аз ҷумла хариду фурӯши либоси мактабӣ, даъват ба хидмати аскарӣ, ҷамъоварии пул барои молиёт, обуна ба рӯзномаву маҷаллаҳо, фурӯши билетҳои барномаҳои фарҳангӣ ва тафреҳӣ ва фаъолиятҳои зироатӣ ҷалб накунед”,- омадааст дар ин санад.
Мувофиқи банди 11-уми моддаи 11-и қонуни Тоҷикистон "Дар бораи мақоми омӯзгор", гирифтани пул аз маоши омӯзгорон барои таъмир ва беҳбудии мактабҳо, хариди васоити таълимӣ, таҷҳизот ва дигар лавозимот манъ карда мешавад.
Ин дастур дар ҳоле содир шудааст, ки солҳост омӯзгорон ба корҳои хориҷ аз мактаб, аз ҷумла маъракаҳо ва барномаҳои иҷтимоӣ, ба гунаи беравия ҷалб мешуданд ва маоши онон аз сӯи идораҳои маориф худсарона мавриди истифода қарор мегирифт.
Дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистон мавориде аз шикояти мардум, аз ҷумла омӯзгорон аз талабагон мунташир шуда буд.
Бар асоси иттилооти оморӣ, маоши мутавассит дар бахши маориф ҳудуди 2442 сомониро ташкил медиҳад, аммо вобаста ба мизони вазифа ва собиқаи корӣ, метавонад аз 1500 то 2000 сомонӣ ё камтару бештар бошад.
Студенты на лекции. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2026
Вазири маориф аз роҳбарони донишгоҳҳои кишвар талаб кард, сифати таҳсилотро боло баранд
Бар бунёди Қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор”, мусавваби 17 декабри соли 2025, барои дорандагони дараҷа ё унвони илмӣ 30 дарсад маоши изофӣ ва барои омӯзгороне, ки шогирдонашон дар мусобиқот ва олимпиадаҳо баранда мешаванд, 20 дарсад маоши изофӣ, он ҳам барои муддати як соли таҳсилӣ, дар назар гирифта шудааст.
Ҳамчунон солона маблағи муайяне ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 78 сомонӣ дар соли 2026, барои пардохти хадамоти коммуналӣ ихтисос дода мешавад.
Ин қонун ҷалби омӯзгорон ба корҳои ғайритахассусӣ, аз ҷумла корҳои хоҷагӣ, ҷамъоварии пул ва фаъолиятҳои мушобеҳро ҷиддан мамнуъ кардааст, аммо дастури вазири маориф ва илм нишон медиҳад, ки ин қонун то ҳанӯз чандон риоят намешавад.
Лентаи хабарҳо
0