https://sputnik.tj/20261011/vohidzoda-tojikiston-muboriza-qonunshikani-raqami-tajriba-rusiya-kor-1081118648.html
Тоҷикистон ҷазо барои муомилоти ғайриқонунии воситаҳои электронии пардохтро сахт кард
Тоҷикистон ҷазо барои муомилоти ғайриқонунии воситаҳои электронии пардохтро сахт кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои ба каси дигар додани мушаххасоти бонкӣ тибқи таҳлилҳо бештар дар миёни ҷавонони аз 18 то 25-сола ба назар мерасад, ки бештар аз нофаҳмӣ ва набудани ҷавобгарӣ дар қонунгузорӣ рух медиҳад
2026-10-11T14:37+0500
2026-10-11T14:37+0500
2026-10-11T14:37+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
ислоҳи қонун
додситонии кулли ҷт
ҷазо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/0e/1054903166_235:295:3350:2047_1920x0_80_0_0_6390673b89dfa6c270796cf8129f84f8.png
ДУШАНБЕ, 11 окт - Sputnik. Барои ба шахси дигар додани кортҳои бонкӣ, суратҳисобҳо ва ҳамёнҳои электронӣ дар Тоҷикистон то зиёда аз 6,6 ҳазор сомонӣ ҷарима муқаррар шуд. Тағйирот дар ин бора ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистонро ахиран Маҷлиси намояндагон қабул кард. Додситони кулли Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳа дар парлумон гуфт, ки ҳоло муносибатҳои нави зиёди молӣ ба миён омада, ки пурра ба танзими ҳуқуқӣ фаро гирифта нашудааст ва қаллобону афроди ҷиноятпеша аз ин холигии ҳуқуқӣ истифода мекунанд.Бар асоси тағйирот, барои анҷом додани чунин амал аз 10 то 85 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷаримаи маъмурӣ таъйин мешавад, афзуд Воҳидзода. Агар давоми сол дубора такрор шавад, ҳаҷми ҷарима вобаста ба субъекти содиркунанда аз 30 то 85 нишондиҳанда барои ҳисобҳо хоҳад буд. Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо соли равон 78 сомониро ташкил медиҳад.Ба гуфтаи додситон, Тоҷикистон дар мубориза бо қонуншиканиҳои рақамӣ аз таҷрибаи Русия истифода мебарад.Ӯ гуфт, зимни таҳияи лоиҳаи тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар мавриди ҷавобгарӣ барои додани воситаҳои пардохт ба шахсони дигар, аз ҷумла хориҷиҳо таҷрибаи Русия, Қазоқистон ва Белорус омӯхта шуд.Ҳабибулло Воҳидзода ҳадафи таъйини ҷавобгарӣ барои додани воситаҳои пардохти худ ба дигаронро, ташаккули фарҳанги рақамии аҳолӣ, масъулиятнокии истифодаи воситаҳои пардохт ва пешгирӣ аз ҷиноятҳои вазнин бо истифода аз ин воситаҳо арзёбӣ кард.
https://sputnik.tj/20260729/suporishi-rahmon-raqamisozi-iqtisod-pardokhtho-ghayrinaqdi-1079319162.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/0e/1054903166_455:0:3186:2048_1920x0_80_0_0_c26230400d761e6b9bb6e3f2246bb695.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, иқтисод, ислоҳи қонун, додситонии кулли ҷт, ҷазо
дар тоҷикистон, иқтисод, ислоҳи қонун, додситонии кулли ҷт, ҷазо
Тоҷикистон ҷазо барои муомилоти ғайриқонунии воситаҳои электронии пардохтро сахт кард
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои ба каси дигар додани мушаххасоти бонкӣ тибқи таҳлилҳо бештар дар миёни ҷавонони аз 18 то 25-сола ба назар мерасад, ки бештар аз нофаҳмӣ ва набудани ҷавобгарӣ дар қонунгузорӣ рух медиҳад, бовар додрад додситони кулл
ДУШАНБЕ, 11 окт - Sputnik. Барои ба шахси дигар додани кортҳои бонкӣ, суратҳисобҳо ва ҳамёнҳои электронӣ дар Тоҷикистон то зиёда аз 6,6 ҳазор сомонӣ ҷарима муқаррар шуд.
Тағйирот дар ин бора ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистонро ахиран Маҷлиси намояндагон қабул кард.
Додситони кулли Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳа дар парлумон гуфт, ки ҳоло муносибатҳои нави зиёди молӣ ба миён омада, ки пурра ба танзими ҳуқуқӣ фаро гирифта нашудааст ва қаллобону афроди ҷиноятпеша аз ин холигии ҳуқуқӣ истифода мекунанд.
"Таҳлилҳо нишон додаанд, ки бархе шаҳрвандон, аксаран ҷавонон воситаҳои пардохти худро гоҳе аз нофаҳмӣ ва гоҳе ба ивази маблағ дар ихтиёри шахсони дигар, аз ҷумла хориҷиҳо медиҳанд, ки барои қаллобӣ, пулшӯӣ ва дигар киберҷиноятҳо шароит фароҳам меорад",- изҳор дошт Ҳабибулло Воҳидзода дар парлумон.
Бар асоси тағйирот, барои анҷом додани чунин амал аз 10 то 85 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷаримаи маъмурӣ таъйин мешавад, афзуд Воҳидзода.
Агар давоми сол дубора такрор шавад, ҳаҷми ҷарима вобаста ба субъекти содиркунанда аз 30 то 85 нишондиҳанда барои ҳисобҳо хоҳад буд. Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо соли равон 78 сомониро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи додситон, Тоҷикистон дар мубориза бо қонуншиканиҳои рақамӣ аз таҷрибаи Русия истифода мебарад.
Ӯ гуфт, зимни таҳияи лоиҳаи тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар мавриди ҷавобгарӣ барои додани воситаҳои пардохт ба шахсони дигар, аз ҷумла хориҷиҳо таҷрибаи Русия, Қазоқистон ва Белорус омӯхта шуд.
Ҳабибулло Воҳидзода ҳадафи таъйини ҷавобгарӣ барои додани воситаҳои пардохти худ ба дигаронро, ташаккули фарҳанги рақамии аҳолӣ, масъулиятнокии истифодаи воситаҳои пардохт ва пешгирӣ аз ҷиноятҳои вазнин бо истифода аз ин воситаҳо арзёбӣ кард.