Супориши Раҳмон дар бораи зудтар рақамисозии иқтисод ва тақвияти пардохтҳои ғайринақдӣ

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаЗаседание правительства республики Таджикистан.
Заседание правительства республики Таджикистан.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2026
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар маҷлиси ҳукумат таъкид кард, ки сарфи назар аз пайомадҳои манфии равандҳои ҷаҳониву минтақавӣ, рақамикунонии бахши иқтисодиёт дар нимсолаи якуми соли равон рушди мусбат доштааст
ДУШАНБЕ, 29 июл – Sputnik. Дар маҷлис ахири ҳукумати кишвар натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2026 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм баррасӣ гардид.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба вазъи ноустувори иқтисодиву сиёсии ҷаҳони имрӯза ва эҳтимоли боз ҳам мураккаб шудани он таъкид намудааст, ки ҳифзи устувории макроиқтисодӣ, таъмини амнияти иқтисодӣ, пешгирӣ аз таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ва истифодаи пурраи имкониятҳои дохилӣ вазифаи асосии ҳукумат мебошад.
Вай дастур дод, ки сатҳи худтаъминкунӣ баланд бардошта шуда, вобастагӣ аз молу маҳсулоти воридотӣ тадриҷан коҳиш дода шавад.
Эмомалӣ Раҳмон ба идораҳои дахлдор супориш дод, ки барои ҳарчи зудтар ва пурра ба анҷом расонидани рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва ба кор даровардани гардиши электронии байниидоравии ҳуҷҷатҳо роҳу воситаҳои самарабахшро дарёфт ва амалӣ созанд.
Ҳамчунин ба Бонки миллӣ тавсия дод, ки барои тақвияти ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, рушди инфрасохтори рақамии бонкӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои истифодаи воситаҳои электронии пардохт дар тамоми минтақаҳои кишвар, махсусан дар ноҳияҳои дурдаст чораҳои қатъӣ андешад.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2026
Нигаронии Раҳмон аз бозори сӯхт: Дастури президент барои зудтар ворид кардани сӯзишворӣ
Джар ҳамин ҳол раисҷумҳури кишвар дар маҷлис таъкид кард, ки сарфи назар аз пайомадҳои манфии равандҳои ҷаҳониву минтақавӣ, дар натиҷаи муназзам амалӣ намудани ислоҳот, дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ, рақамикунонӣ, саноатикунонии босуръат ва пешрафти соҳаи кишоварзӣ дар нимсолаи якуми соли 2026 рушди мусбати иқтисоди кишвар таъмин гардид.
Роҳбари давлат афзуд, ки дар моҳҳои январ-июни соли 2026 суръати рушди иқтисодии кишвар дар сатҳи 8,2 дарсад таъмин гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 81,7 миллиард сомонӣ баробар шуд.
Вай инчунин қайд кард, ки рушди иқтисоди миллӣ аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 14,1 дарсад, кишоварзӣ 7,2, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 18,4, боркашонӣ 14,7, гардиши савдо 26,1, мусофиркашонӣ 8,0 ва хизматрасонии музднок 10,6 дарсад таъмин шуд.
Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки сатҳи таваррум дар ин давра 2,4 дарсадро ташкил дод.
Президенти кишвар зикр намуд, ки нақшаи даромади буҷети давлатӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2026 дар сатҳи 114,3 дарсад иҷро шуда, ба буҷет 36,4 миллиард сомонӣ ворид гардид.
Лентаи хабарҳо
0