Тоҷикистон равандҳои муҳоҷиратро рақамӣ ва гуногунсамт мекунад

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкРейд по проверке документов у мигрантов
Рейд по проверке документов у мигрантов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2026
Обуна шудан
Қабули қонун дар таҳрири нав имкон медиҳад, ки самаранокии сиёсати давлатии муҳоҷират баланд бардошта шуда, механизмҳои муосири танзими муҳоҷират таъсис дода шаванд, бовар дорад вазир
ДУШАНБЕ, 11 окт – Sputnik. Дар Тоҷикистон нақша доранд, ки равандҳои муҳоҷиратро рақамӣ ва гуногунсамт кунанд.
Тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи муҳоҷират дар ин бора ахиран аз ҷониби Маҷлиси намояндагони ҷумҳурӣ қабул гардид.
Тағйирот ба қонун ба тақвияти ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо, реинтегратсияи муҳоҷирон, диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ, рақамисозии раванди муҳоҷират ва танзими муҳоҷирати дохилию экологӣ равона шудаанд, изҳор дошт вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.
Ба гуфтаи Солеҳа Холмаҳмадзода, қонун "Дар бораи муҳоҷират" дар таҳрири нав бо мақсади таҳкими заминаҳои меъёрии ҳуқуқии танзими давлатии муҳоҷирати аҳолӣ, истифодаи самараноки қувваи корӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, тақвияти ҳифзи манфиатҳои давлат ва ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирон, пешгирии муҳоҷирати танзимнашавандаи меҳнатӣ, ҳимояи бозори дохилии меҳнат ва паст намудани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ таҳия гардидааст.
Қабули қонун дар таҳрири нав имкон медиҳад, ки самаранокии сиёсати давлатии муҳоҷират баланд бардошта шуда, механизмҳои муосири танзими муҳоҷират таъсис дода шаванд.
Строительство многоквартирных домов в Краснодаре.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2026
Сафорати Русия дар ҶТ: қонунҳо ҳуқуқи муҳоҷиронро ҳимоя мекунад
Ҳамчунин тағйирот ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро тақвият медиҳад, сатҳи муҳоҷирати ғайриқонуниро коҳиш дода, шаффофияти равандҳои муҳоҷиратро таъмин, ҳамкориҳои байналмилалӣ густариш, сатҳи шуғли аҳолиро баланд бардошта, ба ҷалби сармоя, технология ва рушди сармояи инсонӣ мусоидат мекунад.
Ба гуфтаи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Муҷибахон Ҷавҳарӣ талаботи замони муосир, тағйироти демографӣ ва бозори меҳнат, танзими рақамикунонии раванди муҳоҷират зарурати дар таҳрири нав қабули намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муҳоҷират"-ро ба миён овард.
Ин ҳуҷҷат ба ифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, тақвияти ҳимояи ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, ба назар гирифтани хусусиятҳои гендерӣ ва дастгирии гурӯҳҳои осебпазир, танзими равандҳои муҳоҷират, муайян кардани принсипҳои сиёсати давлатӣ, диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ ва танзими фаъолияти ширкатҳои хусусие, ки ба шуғли шаҳрвандон дар хориҷа мусоидат мекунанд.
Дар маҷмуъ ба гуфтаи вакил, бо амалишавии муқаррароти қонуни пешниҳодшаванда тавассути истифодаи технологияҳои рақамӣ ва мубодилаи фаврии маълумот байни мақомот, шаффофият ва самаранокии идоракунии давлатиро дар соҳаи муҳоҷират ба куллӣ баланд мегардад.
Лентаи хабарҳо
0