https://sputnik.tj/20261010/saforat-qonun-muhojirat-huquqi-muhojiron-himoya-1081078438.html
Сафорати Русия дар ҶТ: қонунҳо ҳуқуқи муҳоҷиронро ҳимоя мекунад
Сафорати Русия дар ҶТ: қонунҳо ҳуқуқи муҳоҷиронро ҳимоя мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Намояндагии дипломатии Русия хотиррасон кард, ки ба роҳ мондани тартибот дар соҳаи муҳоҷират на танҳо ҷомеаи мизбон, балки худи коргарони хориҷиро низ ҳимоят мекунад
2026-10-10T10:21+0500
2026-10-10T10:21+0500
2026-10-10T10:21+0500
муҳоҷират
русия
дар тоҷикистон
қонун
муҳоҷир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/08/1081044608_0:159:3078:1890_1920x0_80_0_0_991cd7d69600bde2bbc1678042eb7655.jpg
ДУШАНБЕ, 10 окт - Sputnik. Сафорати Русия дар Тоҷикистон дар бораи тағйирот дар қонунгузории муҳоҷирати Русия тавзеҳот нашр кард.Намояндагии дипломатӣ таъкид кард, ки ин тағйирот барои хориҷиёне, ки дар Федератсияи Русия кор меҷӯянд, шароити шаффоф ва бехатар фароҳам меорад ва ба ҳифзи манфиатҳои онҳо нигаронида шудааст.Ин тавзеҳот дар изҳороте, ки дар канали Telegram-и сафорат нашр шудааст, зикр гардидааст.Намояндагии дипломатӣ таъкид кард, ки талаботи риояи қонунҳои Русия на фишор ба муҳоҷирон, балки фароҳам овардани шароити мутамаддин ва бехатар барои онҳое аст, ки барои кори софдилона ба Русия меоянд.Ба гуфтаи намояндагони сафорат, Русия барои шаҳрвандони ҳамаи кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, ки қавонинро риоя мекунанд, боз аст.Дар изҳорот қайд карда мешавад, ки ҳамаи ин чораҳо барои ҳифзи манфиатҳои Русия ва шаҳрвандони он, инчунин ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия зиндагӣ мекунанд, пешбинӣ шудаанд.Сафорат хотиррасон кард, ки Думаи давлатии Русия дар солҳои 2025-2026 як қатор қонунҳои пешгирикунандаро қабул кард, ки ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ҳифзи саломатии шаҳрвандон нигаронида шудаанд.Дипломатҳо таъкид карданд, ки ин чораҳо талошҳои пайвастаи давлатро барои бастани "бозори зери соя"-и муҳоҷирати ғайриқонунӣ инъикос мекунанд.Намояндагии дипломатӣ махсусан қайд кард, ки муқаррар кардани тартибот дар соҳаи муҳоҷират на танҳо ҷомеаи мизбон, балки худи коргарони хориҷиро низ ҳимоя мекунад. Зеро муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва нақшаҳои "хокистарранги" шуғл муҳите эҷод мекунанд, ки дар он қарздории музди меҳнат, рад кардани ёрии тиббӣ ва набудани ягон ҳимояи ҳуқуқӣ рушд мекунад.Ғайр аз ин, сафорат таъкид кард, ки хориҷиён дар Русия, мисли шаҳрвандон, аз ҳама кафолатҳо ва ҷубронпулиҳои пешбининамудаи Кодекси меҳнати Русия баҳра мебаранд.
https://sputnik.tj/20261006/maqomoti-taghyiri-qoidahoi-muhojirati-rusiya-1080986074.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/08/1081044608_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_c5bb16127fd0231dd1c0b33f8b0d1629.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муҳоҷират, русия, дар тоҷикистон, қонун, муҳоҷир
муҳоҷират, русия, дар тоҷикистон, қонун, муҳоҷир
Сафорати Русия дар ҶТ: қонунҳо ҳуқуқи муҳоҷиронро ҳимоя мекунад
Намояндагии дипломатии Русия хотиррасон кард, ки ба роҳ мондани тартибот дар соҳаи муҳоҷират на танҳо ҷомеаи мизбон, балки худи коргарони хориҷиро низ ҳимоят мекунад
ДУШАНБЕ, 10 окт - Sputnik. Сафорати Русия дар Тоҷикистон дар бораи тағйирот дар қонунгузории муҳоҷирати Русия тавзеҳот нашр кард.
Намояндагии дипломатӣ таъкид кард, ки ин тағйирот барои хориҷиёне, ки дар Федератсияи Русия кор меҷӯянд, шароити шаффоф ва бехатар фароҳам меорад ва ба ҳифзи манфиатҳои онҳо нигаронида шудааст.
Ин тавзеҳот дар изҳороте, ки дар канали Telegram-и сафорат нашр шудааст, зикр гардидааст.
Намояндагии дипломатӣ таъкид кард, ки талаботи риояи қонунҳои Русия на фишор ба муҳоҷирон, балки фароҳам овардани шароити мутамаддин ва бехатар барои онҳое аст, ки барои кори софдилона ба Русия меоянд.
Ба гуфтаи намояндагони сафорат, Русия барои шаҳрвандони ҳамаи кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, ки қавонинро риоя мекунанд, боз аст.
Дар изҳорот қайд карда мешавад, ки ҳамаи ин чораҳо барои ҳифзи манфиатҳои Русия ва шаҳрвандони он, инчунин ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия зиндагӣ мекунанд, пешбинӣ шудаанд.
Сафорат хотиррасон кард, ки Думаи давлатии Русия дар солҳои 2025-2026 як қатор қонунҳои пешгирикунандаро қабул кард, ки ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ҳифзи саломатии шаҳрвандон нигаронида шудаанд.
Дипломатҳо таъкид карданд, ки ин чораҳо талошҳои пайвастаи давлатро барои бастани "бозори зери соя"-и муҳоҷирати ғайриқонунӣ инъикос мекунанд.
Намояндагии дипломатӣ махсусан қайд кард, ки муқаррар кардани тартибот дар соҳаи муҳоҷират на танҳо ҷомеаи мизбон, балки худи коргарони хориҷиро низ ҳимоя мекунад.
Зеро муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва нақшаҳои "хокистарранги" шуғл муҳите эҷод мекунанд, ки дар он қарздории музди меҳнат, рад кардани ёрии тиббӣ ва набудани ягон ҳимояи ҳуқуқӣ рушд мекунад.
Ғайр аз ин, сафорат таъкид кард, ки хориҷиён дар Русия, мисли шаҳрвандон, аз ҳама кафолатҳо ва ҷубронпулиҳои пешбининамудаи Кодекси меҳнати Русия баҳра мебаранд.