Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии ИДМ мақоми аввалро гирифт

© Фото : пресс-служба президента РТТаджикские дети в одежде из атласа
Таджикские дети в одежде из атласа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2026
Обуна шудан
Дар ин чорабинӣ дар Душанбе беш аз 350 нафар сарояндагон ва ҳунармандони ҷавон аз кишварҳои муштаракулманофеъ ширкат карданд
ДУШАНБЕ, 11 окт - Sputnik. Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ғолиб омад.
Дар ин бора, Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар дод. Қайд карда мешавад, ки ҳунармандони тоҷик дар маҷмӯъ шонздаҳ медал, аз ҷумла шаш медали тилло, панҷ медали нуқра ва панҷ медали биринҷӣ ба даст овардаанд.
Ғайр аз ин, ба ҳисоби ҷоизаҳои махсус, ки намояндагони кишвар ба даст оварданд, дар маҷмуъ ба 35-ро ташкил медиҳад.
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон афзуд, ки ҳунармандони Қазоқистон аз рӯи шумораи медалҳо ҷои дуюмро ишғол карданд ва ҳар кадоме чор медали тилло ва биринҷӣ, инчунин се медали нуқра (дар маҷмӯъ ёздаҳ ҷоиза) ба даст оварданд.
Имсол беш аз 350 намояндаи синни аз 10 то 25-сола, аз Русия, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, дар бозиҳо ширкат варзиданд.
Ин бозиҳо яке аз маъмултарин ва маъруфтарин чорабиниҳои фарҳангӣ дар ИДМ ба ҳисоб мераванд, ки ба ҳифз ва рушди мероси фарҳангии халқҳои Иттиҳод мусоидат мекунанд.
Бозиҳои ХХ Делфии ҷавонони кишварҳои ИДМ дар Душанбе мегузарад: видео - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2026
20-умин бозиҳои Делфии: Тоҷикистон боз меҳмононро аз ИДМ қабул дорад – видео
Иштирокчиёне, ки ба Душанбе омада буданд, дар даҳ бахш, аз ҷумла фортепиано, скрипка, санъати тасвирӣ, сурудхонии классикӣ, сурудхонии халқии якка, сурудхонии эстрадӣ, рақси халқӣ, ҳунарҳои дастӣ, созҳои нафасӣ ва созҳои халқӣ, рақобат карданд.
Тоҷикистон бори дуввум мизбони Бозиҳои Делфӣ шуд; ин чорабинӣ қаблан дар соли 2022 дар пойтахти кишвар баргузор шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0