20-умин бозиҳои Делфии: Тоҷикистон боз меҳмононро аз ИДМ қабул дорад – видео

Обуна шудан
Душанбе мизбони Бозиҳои Делфии ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) гардид.
Маросими ифтитоҳи Бозиҳои Делфии ҷавонони ИДМ дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор шуд.
Ҳунармандон асарҳои мусиқии миллатҳои гуногун, инчунин сурудҳо ва рақсҳои миллиро иҷро карданд.
Имсол беш аз 350 иштирокчӣ аз Русия, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон, аз 10 то 25 сола, дар Бозиҳо иштирок доранд.
Чунон ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба иштирокчиён ва меҳмонон қайд кард, дар тӯли солҳо Бозиҳои Делфӣ ба як воситаи муассир барои кашф ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон, инчунин барои рушди касбии онҳо табдил ёфтаанд.
Тоҷикистонро дар Бозиҳои Делфӣ 38 нафар муаррифӣ мекунанд
Ин Бозиҳо ҳамчун яке аз маъруфтарин чорабиниҳои фарҳангӣ дар ИДМ эътироф шудаанд, ки ба ҳифз ва рушди мероси фарҳангии мардуми Иттиҳод саҳм мегузоранд.
Иштирокчиён дар даҳ бахш аз ҷумла пиано, виалон, санъати тасвирӣ, сурудхонии классикӣ, сурудхонии мардумӣ, сурудхонии эстрадӣ, рақси халқӣ, санъат ва ҳунарҳои дастӣ, созҳои нафасӣ ва созҳои халқӣ, рақобат хоҳанд кард.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳ иштирок ва ва лаҳзаҳои ҷаззобро ба навор гирифтааст.
Лентаи хабарҳо
0