Шонс ба ихтироъкорон: Тоҷикистон барои амалисозии натоиҷи илмӣ фонди махсус таҳияи мекунад

© Sputnik / Константин Михальчевский / Гузариш ба медиабонкАспирант кафедры биохимии выполняет работы ПЦР-анализа, архивное фото
Аспирант кафедры биохимии выполняет работы ПЦР-анализа, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2026
Обуна шудан
Зарурати чунин фонд аз он бармеояд, ки як қисми ихтирооту коркардҳои илмии дорои аҳамияти амалӣ бинобар маҳдуд будани имкониятҳои молиявӣ амалӣ намешавадн, мегӯяд вакили парлумон
ДУШАНБЕ, 11 окт - Sputnik. Дар Тоҷикистон таъсиси фонди давлатии дастгирии ихтирооти афзалиятнок пешбинӣ шудааст.
Фонд ба ихтироъкорону муҳаққиқон барои татбиқи дастовардҳои илмӣ ва ба истеҳсолот баровардани онҳо мусоидат менамояд, омадааст дар тағйирот ба қонун "Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ", ки ахиран Маҷлиси намояндагон қабул кард.
Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди президент Хуршед Файзуллозода дар шарҳи тағйирот гуфт, ки он ба дастгирии ихтироъкорон, татбиқи дастовардҳои илмӣ ва ҷорӣ намудани навовариҳо дар иқтисоди миллӣ равона шудааст.
"Он роҳҳои расонидани дастгирӣ, ҷалби маблағгузорӣ ва арзёбии самаранокии лоиҳаҳоро муайян намуда, ҳамкории муассисаҳои илмӣ, бахши хусусӣ ва мақомоти давлатиро тақвият медиҳад",- афзуд манбаъ.
Ба гуфтаи Файзуллозода, ҳамзамон таъсиси платформаи миллии тиҷоратикунонии натиҷаҳои илмӣ низ пешбинӣ мегардад.
"Ин платформа барои хариду фурӯши натиҷаҳои илмӣ, таъмини шаффофият ва дастрасӣ ба бозори технологияҳо шароит фароҳам меорад",- бовар дорад раҳбари оҷонсӣ.
Номбурда мегӯяд, ки мақомоти соҳавӣ маълумотро оид ба зарурати дастгирии натиҷаҳои илмӣ ҷамъоварӣ ва таҳлил намуда, мақомоти маҳаллӣ талаботи маҳаллиро ба чунин натиҷаҳо муайян ва пешниҳод мекунанд.
Ҳамзамон дар тағйирот маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷет, грантҳо, сармояи бахши хусусӣ ва дигар манбаъҳои иҷозатдодаи қонунгузорӣ тариқи ғайринақдӣ низ ба бахш пешбинӣ шудааст.
Гуфта мешавад, ки дастгирии молиявӣ барои рушди ихтироъкорӣ ва татбиқи натиҷаҳои илмӣ, дастгирии ихтироъкорон, ҷалби ҷавонон ба фаъолияти инноватсионӣ ва рушди иқтисоди рақамӣ мусоидат менамоянд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2026
Раҳмон: давлат вақте тавоно мегардад, ки ҷавононаш соҳиби илму дониш бошанд
Ба гуфтаи вакили парлумон Саодатшо Матробиён, зарурати чунин фонд аз он бармеояд, ки як қисми ихтирооту коркардҳои илмии дорои аҳамияти амалӣ бинобар маҳдуд будани имкониятҳои молиявӣ ва инфрасохторӣ то марҳилаи истеҳсолот ва истифодаи воқеӣ намерасанд.
"Фонди мазкур метавонад барои дастгирии ихтирооти дорои дурнамои татбиқи амалӣ, ҳавасмандгардонии ихтироъкорону муҳаққиқон, ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ ва ба бозор баровардани натиҷаҳои илмӣ заминаи мусоид фароҳам оварад",- бовар дорад муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон
Ӯ мегӯяд, ки таъсиси платформаи миллии хизматрасонии тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ муфид буда, тавассути он имконияти пешниҳоду хариду фурӯши ихтироот ва дигар натиҷаҳои илмӣ, дастрасии ҷонибҳои манфиатдор ба маълумот ва хизматрасониҳои дахлдор, инчунин, истифодаи усулҳои муосири инноватсионӣ дар раванди интиқоли технологияҳо васеъ мегардад.
Лентаи хабарҳо
0