https://sputnik.tj/20260831/rahmon-davlat-tavono-javonon-sohib-ilmu-donish-1080048599.html
Раҳмон: давлат вақте тавоно мегардад, ки ҷавононаш соҳиби илму дониш бошанд
Раҳмон: давлат вақте тавоно мегардад, ки ҷавононаш соҳиби илму дониш бошанд
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон пас аз ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 105-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо аҳли маорифи кишвар мулоқоту дарси сулҳ гузаронд
2026-08-31T12:52+0500
2026-08-31T12:52+0500
2026-08-31T12:52+0500
дар тоҷикистон
рӯзи дониш
душанбе
маориф
эмомалӣ раҳмон
ҷавонон
наврасон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/1f/1080050192_0:58:2560:1498_1920x0_80_0_0_e64e51a3d8512b50c1ada550e955cd8f.jpg
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар дарси сулҳ таъкид кард, ки давлат он вақте тавоно мегардад, ки ҷавононаш соҳиби илму дониш, касбу ҳунар, маҳорату малака, одобу ахлоқ ва ҳисси баланди ватандорӣ мебошанд.“Дар пешрафти соҳаи маориф ва густаришу тақвияти сатҳу сифати таълиму тарбия муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар нақши шоиста доранд”, – изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.Вай гуфт, ки дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи донишкадаву донишгоҳҳои кишвар бамаротиб афзуда, ҳоло ба 51 расидааст ва чанде аз муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон соҳиби мақоми байналмилалӣ гардидаанд.Эмомалӣ Раҳмон барои ҳалли мушкилотҳои мавҷуда ба вазорати маориф ва илм, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ супориш дод.Ҳамчунин бо дарназардошти зиёд гардидани талабот ба мутахассисони соҳаи амнияти компютерӣ, технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ дар бозори меҳнат, дар назди сохторҳои марбута як қатор вазифаҳо гузошта шуд.Президенти Тоҷикистон ҳамчунин изҳор дошт, ки ҷавонони донишманду соҳибмаърифат, соҳибкасбу соҳибҳунар ва ватандӯсту созандаи кишвар фардо ба неруи пешбарандаи иқтисоди миллӣ, пояи устувори ҷомеаи пешрафта ва кафолати идомаи роҳи созандагии Тоҷикистони соҳибистиқлол табдил хоҳанд ёфт.Қайд карда шудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ миёни роҳбари кишвар ва аҳли нишаст маҳифили пурсишу посух ва суҳбати озод доир гардид.
https://sputnik.tj/20260831/rahmon-bishkek-raft-1080046936.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/1f/1080050192_119:0:2392:1705_1920x0_80_0_0_47cbc807fd851e7d04cf605a72cf1209.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, рӯзи дониш, душанбе, маориф, эмомалӣ раҳмон, ҷавонон, наврасон
дар тоҷикистон, рӯзи дониш, душанбе, маориф, эмомалӣ раҳмон, ҷавонон, наврасон
Раҳмон: давлат вақте тавоно мегардад, ки ҷавононаш соҳиби илму дониш бошанд
Президенти Тоҷикистон пас аз ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 105-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо аҳли маорифи кишвар мулоқоту дарси сулҳ гузаронд
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар дарси сулҳ таъкид кард, ки давлат он вақте тавоно мегардад, ки ҷавононаш соҳиби илму дониш, касбу ҳунар, маҳорату малака, одобу ахлоқ ва ҳисси баланди ватандорӣ мебошанд.
“Дар пешрафти соҳаи маориф ва густаришу тақвияти сатҳу сифати таълиму тарбия муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар нақши шоиста доранд”, – изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Вай гуфт, ки дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи донишкадаву донишгоҳҳои кишвар бамаротиб афзуда, ҳоло ба 51 расидааст ва чанде аз муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон соҳиби мақоми байналмилалӣ гардидаанд.
Эмомалӣ Раҳмон барои ҳалли мушкилотҳои мавҷуда ба вазорати маориф ва илм, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ супориш дод.
Ҳамчунин бо дарназардошти зиёд гардидани талабот ба мутахассисони соҳаи амнияти компютерӣ, технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ дар бозори меҳнат, дар назди сохторҳои марбута як қатор вазифаҳо гузошта шуд.
Президенти Тоҷикистон ҳамчунин изҳор дошт, ки ҷавонони донишманду соҳибмаърифат, соҳибкасбу соҳибҳунар ва ватандӯсту созандаи кишвар фардо ба неруи пешбарандаи иқтисоди миллӣ, пояи устувори ҷомеаи пешрафта ва кафолати идомаи роҳи созандагии Тоҷикистони соҳибистиқлол табдил хоҳанд ёфт.
Қайд карда шудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ миёни роҳбари кишвар ва аҳли нишаст маҳифили пурсишу посух ва суҳбати озод доир гардид.