Мақомот аз тағйири қоидаҳои муҳоҷиратӣ дар Русия хабар дод

© Sputnik / Евгений Епанчинцев / Гузариш ба медиабонкВыдача разрешения на работу в России иностранным гражданам
Выдача разрешения на работу в России иностранным гражданам - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2026
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон муҳоҷирони меҳнатиро огоҳ кардааст, ки аз 1 октябри соли равон тартиби ирсоли огоҳинома ба ВКД Русия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ тағйир меёбад
ДУШАНБЕ, 6 окт - Sputnik. Намояндагӣ вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия хабар додааст, ки аз 1 октябри соли равон тартиби огоҳ намудани мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Русия дар бораи анҷом додани фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар асоси иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) тағийр меёбад.
Ба гуфтаи ин ниҳод, тибқи талаботи нав, тартиби пешниҳоди огоҳинома вобаста ба мақоми ҳуқуқии корфармо муайян карда мешавад.
Қайд карда шудааст, ки агар муҳоҷири меҳнатӣ дар назди шахси воқеӣ кор кунад, ӯ вазифадор аст мустақилона, дар муҳлати ду моҳ аз рӯзи гирифтани патент, ба мақомоти ҳудудии ВКД Русия оид ба фаъолияти меҳнатӣ огоҳинома пешниҳод намояд.
Агар муҳоҷири меҳнатӣ дар назди шахси ҳуқуқӣ кор кунад, огоҳинома оид ба бастан ва қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ танҳо аз ҷониби корфармо ба мақомоти ҳудудии ВКД Русия дар муҳлати се рӯзи корӣ пешниҳод карда мешавад.
Намояндагӣ таъкид кардааст, ки корфармоён бояд ба риояи муҳлати муқарраргардидаи пешниҳоди огоҳинома оид ба қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ бо шаҳрванди хориҷӣ диққати ҷиддӣ диҳанд.
Работы по благоустройству Москвы. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2026
Мақомоти Тоҷикистон аз шаҳрвандон хостаанд пеш аз муҳоҷират ба хориҷ касб омӯзанд
Ин ниҳоди давлатӣ аз муҳоҷирони меҳнатии кишвар хоҳиш кардаааст, ки ҳангоми ба кор қабул шудан ва қатъ намудани муносибатҳои меҳнатӣ бо корфармо тартиби огоҳ намудани мақомоти дахлдори Вазорати корҳои дохилии Русияро ба инобат гиранд.
Намояндагӣ аз шаҳрвандони Тоҷикистон даъват кардааст, ки талаботи қонунгузории Русияро риоя намоянд, муҳоҷирон фаъолияти меҳнатии худро танҳо дар асоси ҳуҷҷатҳои дахлдор ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонун анҷом диҳанд.
Лентаи хабарҳо
0