Далер Ҷумъа: Дар Афғонистон 60% корҳои CASA -1000 ба анҷом расидааст

© Sputnik / Илья НаймушинВысоковольтные ЛЭП в Республике Хакасия.
Высоковольтные ЛЭП в Республике Хакасия.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.07.2026
Обуна шудан
Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон лоиҳаи"CASA-1000" - пули энергетикӣ миёни Осиёи Марказӣ ва Осиёи ҷанубӣ соли 2027 фаъол мегардад
ДУШАНБЕ, 10 июл - Sputnik. Ба гуфтаи вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа айни замон аз чор давлати аъзои лоиҳа "CASA-1000" дар сетои он –Қирғизистон, Тоҷикистон ва Покистон корҳои сохтмонӣ пурра ба анҷом расидаааст ва корҳо дар Афғонистон бо суръати баланд ба роҳ монда шуда истодаанд.
Вазири тоҷик ин изҳоротро зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе баён дошт.
“Мувофиқи маълумоти охире ки мо дорем, зиёда аз 60% корҳо ба анҷом расидаанд ва дар назар аст, ки корҳои боқимонда дар Афғонистон дар нимаи аввали соли 2027 ба анҷом мерасанд ва мо омодагӣ дида истодаем, ки тарҳ соли оянда пурра фаъолияти худро оғоз мекунад”, - гуфт Далер Ҷумъа.
Вай ҳамчунин илова кард, ки дар Афғонистон як мушкили бузург вуҷуд дорад.
“Дар онҷо хати баландшиддат аз минтақаҳои кӯҳистон мегузарад ва имконияти пешбурди корҳо дар фасли зимистон вуҷуд надорад. Тарафи Афғонистон тамоми чораҳоро андешида истодааст”, - таъкид кард вазири тоҷик.
Встреча министра энергетики и водных ресурсов Республики Таджикистан Далера Джума с министром энергетики Республики Кыргызстан Алтынбеком Рысбековым.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2026
Тоҷикистону Қирғизистон лоиҳаҳои энергетикии "CASA-1000" ва REMIT-ро баррасӣ карданд
Вай илова кард, ки бо эҳтимолияти калон, соли оянда фаъолияти ин лоиҳа оғоз меёбад.
Ҳамчун вазири энергетика дар ин нишасти матбуотӣ дар бораи фурӯши барқ ба Афғонистон изҳори назар кард.
Вазир хабар дод, ки ширкати “Барқи тоҷик” ки функсияи харидории барқро иҷро мекунад, ҳарсола қарордоди хариди барқ бо ширкати энергетикии Афғонистон баррасӣ намудааст.
Вай афзуд, ки шартҳои нав қариб, ки аз шартҳои соли гузашта таъғир наёфтаанд. Онҷо баъзе масъалаҳо вобаста ба корҳои техникӣ аз ҷумла ҳаҷми энергияи барқ дар моҳҳои май то сентябр баррасӣ шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0