Дӯстӣ ва ҳамкорӣ: Раҳмон ва Пизишкиён чиро баррасӣ карданд

© Хадамоти матбуотии президенти ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон ва Масъуди Пизишкиён
Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуди Пизишкиён - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2026
Обуна шудан
Раҳбари Тоҷикистон ва раиси ҳукумати Эрон дар ҳошияи ҷаласаи махсуси ИДМ дар Туркманбошӣ мулоқот карданд
ДУШАНБЕ, 10 окт - Sputnik. Президентҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва кишвардори Эрон Масъуд Пизишкиён, ҳамкориҳои байни ду кишварро баррасӣ карданд.
Мулоқоти онҳо дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар Туркманистон баргузор шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раҳбари Тоҷикистон.
Қайд карда мешавад, ки Раҳмон аз ҳузури Пизишкиён ҳамчун намояндаи як кишвари дӯст дар нишасти ин созмон, ки ӯ ҳамчун меҳмони фахрӣ дар он ширкат дошт, ситоиш кардааст.
Хадамоти матбуот афзуд, ки дар рафти муколама президентҳои Тоҷикистон ва Эрон як қатор масъалаҳои марбут ба ҳамкории гуногунҷанба ва самарабахши ду кишварро баррасӣ карданд.
Раҳмон ва Пизишкиён инчунин ба таҳким ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳо байни ду кишвар таъкид карданд.
Қобили зикр аст, ки тақвияти муносибатҳои тиҷоратии байни Тоҷикистон ва Эрон низ ба наздикӣ зимни муколамаи байни ду раҳбар дар ҳошияи ҷаласаи сарони давлатҳои узви СҲШ баррасӣ шуд.
Паспорт гражданина Таджикистана. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.10.2026
Марзҳои Тоҷикистон барои эрониён боз шуд
Гардиши мол байни ду кишвар дар соли 2026 ба 254,3 млн доллар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 14,8% (ё 32,8 млн доллар) афзоиш ёфтааст.
Ғайр аз ин, кишварҳо нақша доранд, ки дар ояндаи наздик тиҷорати молро то 500 млн доллар ва сипас то 1 млрд доллар афзоиш диҳанд. Эрон айни замон яке аз панҷ шарики бузурги тиҷоратии Тоҷикистон аст.
Лентаи хабарҳо
0