https://sputnik.tj/20261008/marzhoi-tojikiston-eroniyon-boz-shud-1081029123.html
Марзҳои Тоҷикистон барои эрониён боз шуд
Марзҳои Тоҷикистон барои эрониён боз шуд
Sputnik Тоҷикистон
Акнун шаҳрвандони Эрон на танҳо метавонанд бидуни виза вориди Тоҷикистон тавассути роҳҳои ҳаваӣ шаванд балки низоми бераводид тавассути роҳҳои замини ҳам бекор шуд
2026-10-08T09:36+0500
2026-10-08T09:36+0500
2026-10-08T09:36+0500
дар тоҷикистон
эрон
ҳамкорӣ
равобит
раводид
сиёсат
сафорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/09/1066914477_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_d282954d2d939b7d5404efa9a9bd1b16.jpg
ДУШАНБЕ, 8 окт - Sputnik. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Эрон тавассути роҳҳои заминӣ ва аз тариқи кишвари сеюм ҳам бекор шуд.Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз сафорати Эрон дар Тоҷикистон хабар доданд.Ба гуфтаи намояндаи сафорат акнун рафтуомади шаҳрвандони ду кишвар осонтар мегардад.Ҳоло барои он шаҳрвандони Тоҷикистону Эрон, ки шиносномаи хориҷӣ доранд ва мехоҳанд бо роҳи заминӣ ё тавассути давлати севум ба ин ду кишвар бираванд, раводид ё виза зарур нест.Сафорат таъкид кард, ки қаблан шаҳрвандони ду кишвар танҳо тариқи ҳавопаймо метавонистанд бидуни раводид ба муддати 30 рӯз ба кишварҳои ҳамдигар сафар кунанд.Вай гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ва Эрон ҳақ доранд ба муҳлати 30 рӯз дар давоми се моҳ бидуни раводид ба кишварҳои якдигар ворид ё аз он берун шаванд ва ё муваққатан иқомат кунанд.Низоми бидуни раводид байни Тоҷикистон ва Эрон бо Ёддошти тафоҳуме, ки 8 ноябри соли 2023 дар Душанбе имзо шуда буд, муқаррар карда шудааст. Дар марҳилаи аввал, ки 10 августи соли 2024 эътибор пайдо кард, он танҳо барои шаҳрвандоне, ки тавассути хатсайрҳои ҳавоии Душанбе-Теҳрон ва Теҳрон-Душанбе сафар мекарданд, татбиқ мешуд. Барои убур аз марзҳои заминӣ ё вуруд тавассути кишварҳои сеюм раводид лозим буд.Ин сабукиҳо дар ҳоле сурат мегирад, ки пас аз танаффуси тӯлонӣ парвозҳои мустақим азсар гирифта шуданд. Парвозҳо дар аввали соли 2026 бинобар маҳдудиятҳои фазои Ховари Миёна лағв шуда буданд, аммо сафари ҳавоӣ байни Душанбе ва Теҳрон 31 май аз сар гирифта шуд.
https://sputnik.tj/20260928/shermuhammad-shohiyon-tojkiston-sharoit-kanori-eron-1080776119.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/09/1066914477_171:0:2900:2047_1920x0_80_0_0_1fc951a88b059c120f8d34687b4a35e2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, равобит, раводид, сиёсат , сафорат
дар тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, равобит, раводид, сиёсат , сафорат
Марзҳои Тоҷикистон барои эрониён боз шуд
Акнун шаҳрвандони Эрон на танҳо метавонанд бидуни виза вориди Тоҷикистон тавассути роҳҳои ҳаваӣ шаванд балки низоми бераводид тавассути роҳҳои замини ҳам бекор шуд
ДУШАНБЕ, 8 окт - Sputnik. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Эрон тавассути роҳҳои заминӣ ва аз тариқи кишвари сеюм ҳам бекор шуд.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз сафорати Эрон дар Тоҷикистон хабар доданд.
Ба гуфтаи намояндаи сафорат акнун рафтуомади шаҳрвандони ду кишвар осонтар мегардад.
Ҳоло барои он шаҳрвандони Тоҷикистону Эрон, ки шиносномаи хориҷӣ доранд ва мехоҳанд бо роҳи заминӣ ё тавассути давлати севум ба ин ду кишвар бираванд, раводид ё виза зарур нест.
Сафорат таъкид кард, ки қаблан шаҳрвандони ду кишвар танҳо тариқи ҳавопаймо метавонистанд бидуни раводид ба муддати 30 рӯз ба кишварҳои ҳамдигар сафар кунанд.
“Ин иқдом барои мардумони ду кишвар таъсири вижа дорад ва барои рушди бахши гардишгарӣ, дармонӣ ва фарҳангӣ таъсири мусбати ҷиддӣ мерасонад”, - гуфт намояндаи сафорати Эрон дар Душанбе.
Вай гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ва Эрон ҳақ доранд ба муҳлати 30 рӯз дар давоми се моҳ бидуни раводид ба кишварҳои якдигар ворид ё аз он берун шаванд ва ё муваққатан иқомат кунанд.
Низоми бидуни раводид байни Тоҷикистон ва Эрон бо Ёддошти тафоҳуме, ки 8 ноябри соли 2023 дар Душанбе имзо шуда буд, муқаррар карда шудааст. Дар марҳилаи аввал, ки 10 августи соли 2024 эътибор пайдо кард, он танҳо барои шаҳрвандоне, ки тавассути хатсайрҳои ҳавоии Душанбе-Теҳрон ва Теҳрон-Душанбе сафар мекарданд, татбиқ мешуд. Барои убур аз марзҳои заминӣ ё вуруд тавассути кишварҳои сеюм раводид лозим буд.
Ин сабукиҳо дар ҳоле сурат мегирад, ки пас аз танаффуси тӯлонӣ парвозҳои мустақим азсар гирифта шуданд. Парвозҳо дар аввали соли 2026 бинобар маҳдудиятҳои фазои Ховари Миёна лағв шуда буданд, аммо сафари ҳавоӣ байни Душанбе ва Теҳрон 31 май аз сар гирифта шуд.