https://sputnik.tj/20261009/rahmon-berdimukhamedov-energetika-mavodi-sukht-1081057624.html
Раҳмон бо Бердимухамедов масоили энергетикаю маводи сухтро баррасӣ кард
Раҳмон бо Бердимухамедов масоили энергетикаю маводи сухтро баррасӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои туркманаш рушди устувори муносибатҳо байни ду кишварро баррасӣ кард
2026-10-09T09:36+0500
2026-10-09T09:36+0500
2026-10-09T09:36+0500
дар тоҷикистон
туркманистон
равобит
эмомалӣ раҳмон
сардор бердимуҳаммадов
равобит
иқтисод
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/08/1081057914_212:44:2047:1076_1920x0_80_0_0_03776985ec0481abc63c4b5f3514863d.jpg
ДУШАНБЕ, 9 окт - Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи Аваза бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов дидору гуфтугӯ кард.Дар ин бора Хадамоти матботи раисҷумҳури кишвар хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, дар кишвардори Тоҷикистон бо президенти Туркманистон рушди устувори муносибатҳои байни ду кишварро, ки ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷонибро фаро мегиранд, баррасӣ кард.Ҳамзамон гуфтугӯи созанда дар бораи доираи васеи масъалаҳои марбут ба муколамаи сиёсии байнидавлатӣ, ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётию логистикӣ, транзитӣ ва дар бахши энергетикаю маводи сухт сурат гирифт.Масъалаҳои вобаста ба робитаҳои фарҳангию башарӣ низ дар маркази таваҷҷуҳи ду роҳбар қарор гирифтааст.Хадамоти матбоут илова кардааст, ки сарони ду кишвар дар бораи масъалаҳои алоҳидаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.Ёдовар мешавем, Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Вохӯрии 8-уми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон озоми Туркманистон шуд.Дар ин сафар Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро муовини якуми сарвазири кишвар, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти дар умури масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва чорабиниҳои марбут ба он 8–9 октябри соли 2026 дар Туркманистон (дар минтақаи сайёҳии "Аваза" дар соҳили баҳри Каспий) таҳти раёсати президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммадов баргузор мешаванд. Ҳамчунин дар ин минтақа вохӯрии 8-уми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор мегардад.Дар ин ҳамоиши сатҳи баланд роҳбарони кишварҳои минтақа, аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммедов иштирок доранд.Дар доираи вохӯрӣ сарони давлатҳо масъалаҳои муҳими таҳкими робитаҳои минтақавиро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
https://sputnik.tj/20261008/rahmon-sokhtmon-korkhonai-poloishi-naft-osiyoi-markazi-zarur-1081050112.html
туркманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/08/1081057914_265:14:2047:1351_1920x0_80_0_0_9659542d32e88d8436ddaa0c50539174.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, туркманистон, равобит, эмомалӣ раҳмон, сардор бердимуҳаммадов, равобит, иқтисод, сиёсат
дар тоҷикистон, туркманистон, равобит, эмомалӣ раҳмон, сардор бердимуҳаммадов, равобит, иқтисод, сиёсат
Раҳмон бо Бердимухамедов масоили энергетикаю маводи сухтро баррасӣ кард
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои туркманаш рушди устувори муносибатҳо байни ду кишварро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 9 окт - Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи Аваза бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов дидору гуфтугӯ кард.
Дар ин бора Хадамоти матботи раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар кишвардори Тоҷикистон бо президенти Туркманистон рушди устувори муносибатҳои байни ду кишварро, ки ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷонибро фаро мегиранд, баррасӣ кард.
“Сарони ҳарду давлат ба пешбурди минбаъдаи ин раванд дар рӯҳияи шарикии амиқи стратегӣ изҳори алоқамандӣ карданд”, - қайд намудааст манбаъ.
Ҳамзамон гуфтугӯи созанда дар бораи доираи васеи масъалаҳои марбут ба муколамаи сиёсии байнидавлатӣ, ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётию логистикӣ, транзитӣ ва дар бахши энергетикаю маводи сухт сурат гирифт.
Масъалаҳои вобаста ба робитаҳои фарҳангию башарӣ низ дар маркази таваҷҷуҳи ду роҳбар қарор гирифтааст.
Хадамоти матбоут илова кардааст, ки сарони ду кишвар дар бораи масъалаҳои алоҳидаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Ёдовар мешавем, Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Вохӯрии 8-уми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон озоми Туркманистон шуд.
Дар ин сафар Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро муовини якуми сарвазири кишвар, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти дар умури масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва чорабиниҳои марбут ба он 8–9 октябри соли 2026 дар Туркманистон (дар минтақаи сайёҳии "Аваза" дар соҳили баҳри Каспий) таҳти раёсати президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммадов баргузор мешаванд. Ҳамчунин дар ин минтақа вохӯрии 8-уми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор мегардад.
Дар ин ҳамоиши сатҳи баланд роҳбарони кишварҳои минтақа, аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммедов иштирок доранд.
Дар доираи вохӯрӣ сарони давлатҳо масъалаҳои муҳими таҳкими робитаҳои минтақавиро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.