Маълум шуд, дар Тоҷикистон Рӯзи президент чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2026
Обуна шудан
Мақомоти пойтахт эълон кардааст, ки бахшида ба Рӯзи президент чорабиниҳои гуногун аз ҷумла конфронсҳои илмӣ, барномаҳои фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ баргузор мешаванд
ДУШАНБЕ, 9 окт - Sputnik. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барномаи вижаи мақомоти шаҳри Душанбе дар бораи омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Президенти Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Дар ин бора шаҳрдории шаҳри Душанбе хабар додааст.
Қайд карда шудааст, ки бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар доираи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда баргузории конференсияҳои илмӣ – назариявӣ, барномаҳои фарҳангию фароғатӣ барои сокинону меҳмонони пойтахт ва мусобиқаҳои варзишӣ дар назар дошта шудааст.
Рӯзи президент дар Тоҷикистон аз соли 2016 16 ноябр таҷлил карда мешавад.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.10.2026
Раҳмон сохтмони бузургтарин корхонаи полоиши нафт дар Осиёи Марказиро зарур донист
Ин сана бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" муқаррар шудааст ва расман аз соли 2016 инҷониб таҷлил.
Дар доираи ин ҷашн дар тамоми кишвар, аз ҷумла дар муассисаҳои таълимӣ ва идораҳои давлатӣ, ҳамоишҳо, мизҳои гирд ва чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ доир мегарданд.
Лентаи хабарҳо
0