https://sputnik.tj/20261009/khazinai-opek-bozsozi-rohi-moshingardi-rushon--varshez-tojikiston-1081063453.html
Хазинаи ОПЕК барои бозсозии роҳи мошингарди "Рӯшон — Варшез" ба Тоҷикистон пул медиҳад
Хазинаи ОПЕК барои бозсозии роҳи мошингарди "Рӯшон — Варшез" ба Тоҷикистон пул медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Роҳи мошингарди "Рӯшон — Варшез" қисми долони байналмилалии нақлиётии "Душанбе-Кулма-сарҳади Чин" ба ҳисоб меравад
2026-10-09T12:41+0500
2026-10-09T12:41+0500
2026-10-09T12:41+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
вмкб
роҳ
бозсозӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/13/1073091802_0:94:3072:1822_1920x0_80_0_0_4e79d8554fcf1a35d4eb923d720a697e.jpg
ДУШАНБЕ, 9 окт - Sputnik. Хазинаи ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ барои марҳилаи аввали таҷдиду барқарорсозии роҳи автомобилгарди "Рӯшон – Варшез" ба Тоҷикистон 30 миллион доллар ҷудо мекунад.Дар ин бора вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар додааст.Созишномаи дахлдорро ҷонибҳо 31 августи соли 2026 зимни сафари Президенти Хазинаи ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ Абдулҳамид Алхалифа ба Тоҷикистон имзо карда буданд.Роҳи мазкур яке аз шохаҳои роҳи байналмилалии "Душанбе - Кулма - сарҳади Чин" ва шоҳроҳи осиёии AH66 мебошад.Интизор меравад, ки татбиқи лоиҳа имкон медиҳад бехатарии ҳаракат дар роҳҳо баланд бардошта, вақти сафар кам карда шавад ва алоқаи нақлиётии солона байни ноҳияҳои марказиву шарқии Тоҷикистон боэътимодтар таъмин гардад.Долони нақлиётии зикршуда барои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ) аҳамияти муҳим дорад. Тақрибан 217 ҳазор нафар, ки дар зиёда аз 370 маҳалли аҳолинишин зиндагӣ мекунанд, ин хатсайрро барои дастрасӣ ба молу маҳсулот, хизматрасониҳои тиббӣ ва таълимӣ, инчунин бозорҳо истифода мебаранд. Тақрибан 25 ҳазор нафар баҳрабардорони бевоситаи лоиҳа хоҳанд буд.Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ахиран дар ҷараёни сафари кориаш ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, 6 лоиҳаи роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявӣ, ки дар ҳудуди ВМКБ бунёд, навсозӣ ва мумфарш мегарданд, муаррифӣ карда шуданд.Раҳбари давлат, аз ҷумла, бо лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди "Рӯшон — Варшез" шинос шуд.Марҳилаи якуми ин лоиҳа аз Дашти Шипад то Пастхуф 82,2 километрро дар бар мегирад. Роҳи мошингарди "Рӯшон — Варшез" қисми долони байналмилалии нақлиётии "Душанбе-Кулма-сарҳади Чин" ба ҳисоб меравад.Роҳ бо маблағгузории ҳукумати Тоҷикистон ва ҷалби сармояи хориҷӣ сохта мешавад.
https://sputnik.tj/20260910/solhoi-istiqloli-tojikiston-rohhoi-moshingard-bunyod-1080316240.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/13/1073091802_0:35:2684:2048_1920x0_80_0_0_bca935fccb5cfe559ab5e5aea747e7f8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, нақлиёт, вмкб, роҳ, бозсозӣ
дар тоҷикистон, нақлиёт, вмкб, роҳ, бозсозӣ
Хазинаи ОПЕК барои бозсозии роҳи мошингарди "Рӯшон — Варшез" ба Тоҷикистон пул медиҳад
Роҳи мошингарди "Рӯшон — Варшез" қисми долони байналмилалии нақлиётии "Душанбе-Кулма-сарҳади Чин" ба ҳисоб меравад
ДУШАНБЕ, 9 окт - Sputnik. Хазинаи ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ барои марҳилаи аввали таҷдиду барқарорсозии роҳи автомобилгарди "Рӯшон – Варшез" ба Тоҷикистон 30 миллион доллар ҷудо мекунад.
Дар ин бора вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар додааст.
Созишномаи дахлдорро ҷонибҳо 31 августи соли 2026 зимни сафари Президенти Хазинаи ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ Абдулҳамид Алхалифа ба Тоҷикистон имзо карда буданд.
“Дар доираи сафари Президенти Хазинаи ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ созишнома оид ба ҷудо намудани 30 миллион доллар барои марҳилаи якуми таҷдид ва барқарорсозии роҳи автомобилгарди "Рӯшон – Варшез" ба имзо расид”, - таъкид кардааст вазорат.
Роҳи мазкур яке аз шохаҳои роҳи байналмилалии "Душанбе - Кулма - сарҳади Чин" ва шоҳроҳи осиёии AH66 мебошад.
Интизор меравад, ки татбиқи лоиҳа имкон медиҳад бехатарии ҳаракат дар роҳҳо баланд бардошта, вақти сафар кам карда шавад ва алоқаи нақлиётии солона байни ноҳияҳои марказиву шарқии Тоҷикистон боэътимодтар таъмин гардад.
Долони нақлиётии зикршуда барои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ) аҳамияти муҳим дорад. Тақрибан 217 ҳазор нафар, ки дар зиёда аз 370 маҳалли аҳолинишин зиндагӣ мекунанд, ин хатсайрро барои дастрасӣ ба молу маҳсулот, хизматрасониҳои тиббӣ ва таълимӣ, инчунин бозорҳо истифода мебаранд. Тақрибан 25 ҳазор нафар баҳрабардорони бевоситаи лоиҳа хоҳанд буд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ахиран дар ҷараёни сафари кориаш ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, 6 лоиҳаи роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявӣ, ки дар ҳудуди ВМКБ бунёд, навсозӣ ва мумфарш мегарданд, муаррифӣ карда шуданд.
Раҳбари давлат, аз ҷумла, бо лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди "Рӯшон — Варшез" шинос шуд.
Марҳилаи якуми ин лоиҳа аз Дашти Шипад то Пастхуф 82,2 километрро дар бар мегирад. Роҳи мошингарди "Рӯшон — Варшез" қисми долони байналмилалии нақлиётии "Душанбе-Кулма-сарҳади Чин" ба ҳисоб меравад.
Роҳ бо маблағгузории ҳукумати Тоҷикистон ва ҷалби сармояи хориҷӣ сохта мешавад.