Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони ИДМ вориди Туркманистон шуд

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаРабочий визит Эмомали Рахмона в Туркменистан.
Рабочий визит Эмомали Рахмона в Туркменистан. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.10.2026
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Туркменбошии Туркманистон шуд
ДУШАНБЕ, 8 окт - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Вохӯрии 8-уми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон озоми Туркманистон шуд.
Дар тин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои Хадамоти матбуот, дар фурудгоҳи байналмилалии Туркменбошӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон, вазири корҳои хориҷӣ Рашид Мередов ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаРабочий визит Эмомали Рахмона в Туркменистан.
Рабочий визит Эмомали Рахмона в Туркменистан. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.10.2026
Рабочий визит Эмомали Рахмона в Туркменистан.
Қайд карда шудааст, ки ба ифтихори Эмомалӣ Раҳмон майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф ороста буд.
Зимни ин сафар раҳбари Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Вохӯрии 8-уми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон иштирок хоҳад кард.
Дар ин сафар Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро муовини якуми сарвазири кишвар, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти дар умури масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва чорабиниҳои марбут ба он 8–9 октябри соли 2026 дар Туркманистон (дар минтақаи сайёҳии "Аваза" дар соҳили баҳри Каспий) таҳти раёсати президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммадов баргузор мешаванд.
Официальный визит президента РФ В. Путина в Таджикистан. День второй - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2026
Раҳмон аз нақши Путин дар тақвияти робитаҳои шарикии Русия ва Тоҷикистон таъкид кард
Ҳамчунин дар ин минтақа вохӯрии 8-уми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор мегардад.
Дар ин ҳамоиши сатҳи баланд роҳбарони кишварҳои минтақа, аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммедов иштирок доранд.
Дар доираи вохӯрӣ сарони давлатҳо масъалаҳои муҳими таҳкими робитаҳои минтақавиро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд
Лентаи хабарҳо
0