Раҳмон аз нақши Путин дар тақвияти робитаҳои шарикии Русия ва Тоҷикистон таъкид кард

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкОфициальный визит президента РФ В. Путина в Таджикистан. День второй
Официальный визит президента РФ В. Путина в Таджикистан. День второй - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2026
Обуна шудан
Зимни як сӯҳбати телефонӣ, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон президенти Русия Владимир Путинро бо зодрӯзаш табрик гуфт
ДУШАНБЕ, 7 окт – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон саҳми назарраси президенти Русия Владимир Путинро дар таҳкими шарикии байни ду кишвар таъкид кард.
Тибқи иттилои хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, онҳо ин масъаларо зимни як сӯҳбати телефонӣ баррасӣ карданд.
Қайд карда мешавад, ки дар сӯҳбати телефонӣ, раҳбари давлат президенти Русияро бо зодрӯзаш табрик гуфта, ба ӯ саломатӣ, шукуфоӣ ва дар вазифаҳои давлатӣ муваффақият орзу кард.
"Дар ин замина, роҳбари давлати мо саҳми назарраси муҳтарам Владимир Путинро дар пешбурди раванди таҳким ва густариши шарикии стратегӣ байни ду кишвар махсусан таъкид кард", - изҳор дошт хадамоти матбуот.
Дар рафти сӯҳбат, сарони ду давлат дар идомаи суҳбати дӯстона изҳори итмонон намуданд, ки ин раванд минбаъд ҳам ба нафъи мардумони кишварҳои мо идома хоҳад ёфт.
Подготовка к учениям Нерушимое братство-2025 и Барьер-2025 в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2026
Русия дар доираи барномаи СПАД интиқоли лавозимоти низомиро ба Тоҷикистон оғоз кард
Қаблан президенти Русия изҳор дошт, ки саҳми шахсии раҳбари Тоҷикистонро дар густариши шарикии стратегӣ ва иттифоқ байни кишварҳо аз ҳад зиёд арзёбӣ кардан душвор аст.
Путин изҳор дошт, ки омода аст муоширати созанда ва дӯстона ва кори муштараки самарабахшро дар масъалаҳои муҳими рӯзномаи дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ идома диҳад.
Лентаи хабарҳо
0